Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима дар байни дигар халқу миллатҳо шинохта шуда, имрӯз мавқеи муайянро молик аст. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои созанда ва такомул бахшидани онҳо ақлу заковат ва хиради азалӣ лозим меояд. Фикр мекунам, ки мо мардуми Тоҷикистон хушбахтем, чун Худо ба мо роҳбареро насиб кардааст, ки ҳамеша пайи ободӣ ва сарҷамъии миллат аст. Оре, нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва нигоҳ доштани он бузург мебошад. Барои он аз истиқлолият оғоз намудан, ки рушди тамоми соҳаҳо маҳз аз ободиву осудагии кишвар сарчашма мегирад. Барои устувории андеша дар бобати кордониҳои муҳтарам Пешвои миллат мехоҳам иқтибосеро нависандаи (равоншинос) англис Норман Коупленд оварда бошам: «Таърих бовар мекунонад, ки роҳбарони бузург тавлид намегарданд, балки пайваста ташаккул меёбанд. Онҳо бениҳоят маълумоти касбии хуб доштанд ва ҳаматарафа, яъне ба таври универсалӣ рушд ёфта буданд, ки вай аз маҳорати худи инсон маншаъ мегирад». Оре, мо имрӯз ин гуфтаҳои равоншиноси англисро дар санъати баланди касбии муҳтарам Пешвои миллат мушоҳида менамоем.
Чун ҳамасола, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, ки рӯзи 21-уми декабри соли 2021 ироа гардид, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки давлат ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеаи имрӯза нақши муҳаррик мегузорад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар зери сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи сарвари давлат ҷавонону донишҷӯён имтиёзҳои зиёдеро соҳиб гардида, басо бо шароитҳои мусоиди таҳсил ва касбомӯзӣ таъмин гардида истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар як давру замон олимону обидон донишмандону мутафаккирон пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб мераванду сатҳи маърифатнокию ҷаҳонбинии илмии мардумро баланд мебардоранд. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи донишомӯзӣ ва сатҳи касбияти ҷавонон истодагарӣ намуда, аз масъулин талаб намуданд, онҳоро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забони русӣ ва англисӣ ҷалб намоянд. Дар ин росто гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Инчунин, қайд гардид, ки «бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».
Шукргузори онам, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст.
Бинобар ин, ҳар як сокини мамлакат бояд бо шукронаи сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар ҳамеша барои раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намояд. Дар шароити имрӯза талқини ғояи ватандӯстӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои калидии ҳар як шахси масъули давлатӣ, мактаб, омӯзгор, падару модар ва аҳли ҷомеа мебошад.
Дар умум, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳим барои рушди босуръати кишвар мусоидат менамояд, сармашқи кори мо бошад ва аз омӯзгори имрӯза талаб карда мешавад, ки наврасро ба худшиносиву худогоҳу ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯзиши илму дониш тарғиб намоем.
Валиева Ҳалима, ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ