Home ХАБАР МАҲФИЛИ  ИЛМӢ‑АДАБИИ “ЗАБОН ДОНӢ‑ҶАҲОН ДОНӢ”

МАҲФИЛИ  ИЛМӢ‑АДАБИИ “ЗАБОН ДОНӢ‑ҶАҲОН ДОНӢ”

by admin
280 views

Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи 

Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Забон донӣ‑ҷаҳон донӣ”‑и факултети филологияи хориҷӣ   баргузор гардид. Дар маҳфил Самариддинова Зайнаб – сардори раёсати илми донишгоҳ, Давлатов Файзиддин – мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, Саидова Нилуфар – сармутахассиси раёсати илм, Ҷамолбии Ҳабибулло – асисстенти кафедраи забонҳои хориҷӣ,  Саидов Муҳаммад – муаллими калони кафедра ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Ҷамолбии Ҳабибулло суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Нодирзода Дилафрӯз — донишҷӯи курси якуми ихтисоси рӯзноманигорӣ  дар мавзӯи “Тоҷикистон ва мавқеи географии он”, Ҳисайнова Нозанин, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забони англисӣ‑олмонӣ, дар мавзӯи “Алоқамандии исм бо артикли муайянӣ”, Музафарова Хуршеда , донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи рус, дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди давлатдории тоҷикон” ва Назарова Лола, донишҷӯи курси якуми ихтисоси рӯзноманигорӣ, дар мавзӯи “Нақши шоирон ва нависандагони тоҷик дар рушди адабиёт” суханронӣ намуданд. Маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment