Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АНҶУМАНИ ТАЪРИХӢ, ВАҲДАТОФАР ВА САРНАВИШТСОЗ

АНҶУМАНИ ТАЪРИХӢ, ВАҲДАТОФАР ВА САРНАВИШТСОЗ

by admin
284 views

   Имсол аз санаи баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол пур мешавад.

       Бо тамоми рафту муҳтаво ва қабули қонунҳо ин иҷлосия дар тақдиру сарнавишти миллати тоҷик аҳамияти таърихӣ дорад. Дар таърихи Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Шӯрои Олӣ буд, ки берун аз пойтахти ватанамон баргузор гардид.

Мебоист Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябри соли 1992 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардид, вале азбаски силоҳбадастони мухолифин чанд маротиба вакилони Шӯрои Олиро ба гаравгон гирифта, мавриди таҳқиру лату кӯб қарор дода буданд, намояндагони Шӯрои Олӣ аз вилоятҳои Кӯлобу Ленинобод ба Душанбе наомаданд. Онҳо сабаби мазкурро пеш оварда, аз раиси Шӯрои Олӣ боисрор талаб карданд, ки барои аз нав кардани ҳайати Раёсати Шӯрои Олӣ ва ҳайати ҳу кумат бояд Ҷаласаи XVI-ро дар шаҳрҳои Чкаловск ё Ленинобод ва ё дар хориҷи кишвар гузаронанд.

Ҳамин тариқ, санаи 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Ин иҷлосия сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. 18-уми ноябри соли 1992 рӯзномаи иҷлосия тасдиқ карда шуд. Ва барои муҳокимаю баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шуданд: ба ҳадди эътидол овардани вазъияти ҷаммиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон, қабули мукотиба ба мамлакатҳои узви ИДМ, дар бораи ба Тоҷикистон фиристодани нерӯҳои сулҳдӯст, интихоби раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, таъйин намудани сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба Президенти Тоҷикистон Набиева Р.Н., оид ба дохил намудани тағйирот ба моддаҳои 102 ва 174 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тартиби бо ҷои муқимии зиндагӣ баргардонидани гурезагон, дар бораи тасдиқ намудани аъзои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Азбаски Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти куллии таърихӣ дошт, бобати ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҷомеаи оташгирифта роҳу усулҳои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ (15 қонун, 52 қарор, 6 фармон, 1 изҳорот) қабул намуд, ки барои кишвар барномаи мукаммал ҳисоб меёфтанд. Шиносоӣ, омӯзиш ва таҳқиқу таҳлили ин санадҳо ҳамон ҳақиқати таърихиро равшан месохт, ки дар мадди назари вакилони Шӯрои Олӣ ва умуман Иҷлосияи XVI баррасию қабули санадҳои муҳими дорои мундариҷаи васеи иҷтимоиву сиёсӣ ва аз вартаи нобудшавӣ раҳо намудани мамлакат қарор дода шуда буданд.

Рӯзи 17-уми октябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро идома дод. Иҷлосияро А. Искандаров кушод. Яке аз масъалаҳои иҷлосия аз нав интихоб намудани раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Барои овоздиҳӣ намзадии А.Искандаров ва Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Дар натиҷаи ҳисоби овозҳо муайян гардид, ки ба тарафдории А. Искандаров 54 вакил ва ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон 141 нафар вакилон овозҳои худро доданд.

Аввалин сухани Эмомалӣ Раҳмон дар маснади Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва сарвари ин давлат ин буд: «Ман ба Шумо сулҳ меоварам… Мо ҳама бояд ёру бародар бошем!» Ин паёми рӯшан аз фитрати азалӣ, хираду заковати худодод ва дилу нияти поки ин фарзанди ватандӯст гувоҳӣ медиҳад.

Дар ин суханони умедворкунанда, ки дар фазои ғуборолуди яъсу ноумедиҳо бо як садоқату муҳаббат ва ихлосу имон дар толор садо додан ва тавассути садову симо ба гӯши мардуми ватанамон расид, дили ин миллати ҷангзадаву ҷафодидаро аз нав ба ояндаи нек гарм намуд.

Фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари ин давлат, дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум, ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшонро дар вусъати ҳадафҳои миллат ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд.

Яке аз дастовардҳои муҳими Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи роҳбарияти нави сиёсии кишвар буд. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи аз бӯрҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баровардани мамлакатро ба миён гузошт ва таърих собит сохт, ки ин роҳ ягона роҳи дуруст ва созанда будааст. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии Тоҷикистонро аз миён бардошт.

Собиқ вакили мардумӣ, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эшбурӣ Эсанқулов дар яке аз мусоҳибаҳояш қайд мекунад: «Сарвари ҷавони кишвар бо нахустин суханрониаш аз минбари Қасри Арбоб дар қалби мардуми азияткашидаи Тоҷикистон шуълаи умед ба оянда дурахшон афрӯхт, ки то ҳол аз неъмати он бархӯрдорем. Танҳо бо мушоҳидаву таҳлилҳои мукаммали сиёсӣ метавон бо дарки ҳикмати омӯзандаи суханҳои тақдирсози фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расид. Чи тавре шоҳид гардидем, таъмини сулҳу осоиштагӣ дар кишвар, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҳамагон ба барқарор намудани харобаҳои ҷанг, нафақат як ваъдаи роҳбари тозатаъйин, балки ба барномаи солҳои ояндаи фаъолияти ҳукумати навтаъсис табдил ёфт, ки бо мурури замон пурра шуд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лазаҳои ниҳоят ҳасос ва пурхатар баргузор шуда бошад ҳам, маҷмӯи масъалаҳоеро мавриди муҳокимаи вакилон қарор дод, ки (зикрашон дар боло рафт) ҳамаи онҳо барои тақдири ояндаи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда доштанд.

Ҳар як қарори қабулнамудаи иҷлосия дар тафаккури мардуми ин сарзамин, ки ба оянда ба назари нек менигаристанд, дигаргунии ҷиддиро дар пай дошт. Сокинони кишварамон акнун боварии комил ҳосил намуданд, ки онҳоро ояндаи дурахшон интизор аст ва барҳақ ин орзуву омолашон ҷомаи амал пӯшид.

Дар ҳақиқат, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси таърихӣ ва сарнавишти нави миллату кишвари азизамон гардид. Маҳз ҳамин иҷлосия тавонист ба ваҳдату ягонагии миллати тоҷик оғоз бахшад, ки натиҷаҳои самарабахши онро имрӯз бо чашми хеш мебинем ва шукргузорӣ мекунем.

Ҳамин тариқ, аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он борат аст, ки маҳз ҳамин мақом бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба дӯш гирифта, пеши роҳи хатари нобудии онро боздошт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, аксари мутлақи гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт ва истиқлоли конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид. Конститутсия Тоҷикистонро эҷод кард, барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи байни тоҷиконро таъмин кард, ки ин барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир ҳисобида мешавад.

Абдулқосим РАҲИМОВ, сардори бахши илми Коллеҷи омӯзгории

ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment