Бе нақши Ватан пираҳан аз хештанам нест,
Бар сар наниҳам, ончи кулоҳи Ватанам нест.
Ман вориси Ҷамшедаму фарзанди Таҳамтан,
Орияти бегона сазовори танам нест.
Ин тоқии тоҷикии ман тоҷи каёнист,
Пироҳани тоҷикии ман санъати Монист.
Бо ҷомаи миллӣ, ҳама ҷо парчами миллӣ
Дар сурату дар сирати ман хешнишонист.
Ман ҷомаи орияти бегона нагирам,
Озодагии хеш ба завлона нагирам.
Ман бенасабу суннату таърих набошам,
Ҳар кас, ки “ту ман бош” бигӯяд, напазирам!
Гар бо ҳамагон ёвару наздик бимонам,
Дар рӯйи ҷаҳон мазҳари тоҷик бимонам.
Бинад чу маро модари ман, нек шиносад,
Ҳаргиз падар аз сурату рангам наҳаросад.
Аз меҳри Ватан ҳаст матои дилу ҷонам,
Осуда дар ин пираҳанам рӯҳу равонам.
Бо ҷомаи покизаи тоҷикӣ ҳама умр
Чун кӯҳи сарафрозаму манзури ҷаҳонам!