Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

by admin
185 views

    Санаи 20-уми октябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ  ҶАВОН”  бо иштироки васеи ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет гузаронида шуд.

Сараввал роҳбари маҳфил Алиева Бахтиниссо суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Тошматов Хусрав, донишҷӯи курси якуми факулта дар мавзӯи “Баъзе воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоӣ дар муқаттаоти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, Каримзода Муаззама дар мавзӯи “Вожа ва таркибҳои омиёнаи баёнгари амалу ҳолат дар шеъри Ҷалолиддини Балхӣ” ва Назарзода Меҳрангез дар мавзӯи “Пешвои миллат – ҳомии забон”  суханронӣ намуданд. Дар охири маҳфил саволу ҷавоб сурат гирифт.

Бояд қайд кард, ки маҳфили “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ  ҶАВОН” солҳои зиёд аст, ки дар ин факултет амал мекунад ва моҳе як маротиба гузаронида мешавад. Дар ин маҳфил ба ғайр аз омӯзгорону донишҷӯён боз олимону забоншиносони шинохта ширкат варзида, ба донишҷӯён дар хусуси илми забоншиносӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Related Articles

Leave a Comment