Рўзи 30-юми октябр бо ташаббуси садорати факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён ва хонадагон» баргузор гардид.
Дар ин конфронс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, номзади илмҳои химия, дотсент Холиқов Сафар, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, декани факултети химия, биология ва география Исуфов Дилшод ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултети номбурда иштирок доштанд.
Нахуст ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, доир ба мушкилоти экологии минтақаи Кӯлоб ибрози андеша намуд. Сипас, Шарифова Б.Н., ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён ва хонандагон”, Намозов А., саромӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзӯи «Баъзе проблемаҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ҳисайнов Д.Э., саромӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзӯи “Мушкилотҳои экологии минтақаи Кӯлоб”, Раҳмонов Ҳ.Ш., ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзӯи “Тарбияи экологии хонандагон дар мактабҳои маълумоти умумӣ”, Маҳтоби Ҷ., донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси биология-экология дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Бозорзода И., донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси химия-биология дар мавзӯи “Ақидаҳои ташаккули ҳисси табиатдӯстӣ ва тарбияи маърифати экологӣ дар осори мутафаккирони тоҷику форс” суханронӣ намуданд.
Конфронс бо баҳсу мунозира ба анҷом расид.