Home СИЁСАТНБО "РОҒУН" КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ШАҲРӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ШАҲРӢ

by admin
366 views
   Санаи 8-уми сентябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявии шаҳрӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар масири Истиқлолият», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ Сафархон Рафиев оғоз намуд.
Дар конференсия муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён иштирок дошта, баромад кард.
Аз рӯйи барномаи конференсия маърӯзаҳои устодон ва шогирдони Донишгоҳ шунида шуд, ки фарогири чунин мавзӯъҳои таҳқиқотӣ буданд:
“Истиқлолияти сиёсӣ: марҳалаҳо ва эъмори давлати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” — дотсент Назарзода Пиралӣ Сафар, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих;
“Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” — дотсент Муродова Гулчеҳра Рӯзибоевна, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқ ва Муносибатҳои байналмилалӣ;
“Масъалахои рушди устувор дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон” — дотсент Мирсаидов М.Н., номзади илмҳои иқтисодӣ, докторанти Академиям хоҷагии халқи Русия ва хадамоти давлатии назди Президенти Федератсияи Русия;
“Занон дар масири Истиқлолият” — муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, Абдураҳмонова Гулчеҳра Нуруллоевна;
“Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он” — Акрамова Саодат Исломхоновна, ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих;
“Дастовардҳои бузурги Точикистон дар замони Истиқлолият — Бобоев Шаҳбоз, Раҳматуллоевич, ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих;
Шоистаи ёдоварист, ки пас аз баромади ҳар як пажӯҳишгар, нишастагони толор барои равшантар сохтани мавзӯъ саволҳо ба миён гузоштанд ва посух ба он саволҳо конференсияро ҷолибтар намуд.
Дар конференсия як қатор нуктаҳои нав ва ҷолиб матраҳ гардиданд.
Ба вижа дотсент Пиралӣ Назарзода рушду пешравиҳоро дар эъмори давлати миллӣ ба марҳилаҳо фасл намуд, ки хеле чашмрас буд. Ҳамчунин маърӯзакунандагон дотсент Муродова Гулчеҳра Рӯзибоевна ва дотсент Мирсаидов М.Н., докторанти Академиям хоҷагии халқи Русия ва хадамоти давлатии назди Президенти Федератсияи Русия ҳозиронро ба нуктаҳои ҷолиби давлатсозии тоҷикон ошно сохтанд.

Related Articles

Leave a Comment