Варзиш яке аз омилҳои муҳим дар ҳаёти инсон буда, ба шахс нерӯву ҳаёти солим мебахшад. Дap ҳaёт шахсе нест, ки ҳаёти худро бе варзиш тасаввур кунад. Варзиш такондиҳандаи тамоми ҳаёти инсон буда, ҳар як ҷамъияти солим ба ҷавонони неруманди худ такя мекунад.
Acoсгузори cyлҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ҳамчун раҳнамои миллат қайд намуд, ки ҷавонони солим ин пойсутуни давлату миллати хеш буда, имрӯз давлату ҷамъияти мо ба ҷавонони солим ниёз дорад. Роҳбари давлат ба ҷавонон такя намуда қайд намуданд, ки ҷавонон барои пешбурди ҳаёти имрӯзаи мо яке аз қувваҳои муҳими ҷомеа мебошанд. Аз ин гуфта мо омӯзгорон ва мураббиёни соҳаи варзиш бояд наврасону ҷавонони имрӯзаро тарбия намудa, онҳоро ба роҳи ватандустӣва меҳанпарастӣҳидоят намоем.
Барои ҳар як қавму миллат истиқлолият яке аз муқадасоти миллӣба шумор рафта, муаррифкунандаи миллату давлат мебошад. Иcтиқлолияти кишвари мо баъд аз пошхӯрии давлати шуравӣбо заҳматҳои роҳбари давлатамон ба даст омада, то ҳoл дар ин муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст, ки ин боиси қайд аст. Дар соҳаи варзиш бо заҳмату ғамхориҳои роҳбари муаззамамон дар саросари кишвар чандин иншоотҳои варзишӣcoxтa, ба истифода дода шудааст. Дар иншоотҳои варзишӣнаврасону ҷавонони мо таълим ва тарбия гирифта истодаанд, ки имрӯз ҷамъияти мо ба ҷавонони нерӯманд ниёз дорад. Дар давраи истиқлолият дар аксари шаҳру деҳоти Кӯлоб майдончаҳову толорҳои варзишӣсохта ба истифода дода шуд, ки ин барои тарбияи ҷисмонии насли ҷавони имрӯзаи мо муҳим мебошад.
Мақсад аз сохта ва ба истифода додани майдончаву толорҳои варзишӣин ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва солимгардонии ҷомеа, ҳифз намудани ҷавонон аз падидаҳои номатлуб ва ба роҳи pocт ҳидоят намудани насли наврас мебошад. Солҳои охир аз тарафи маъмурияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣба соҳаи варзиш аҳамияти хоса дода шуда, дар назди донишгоҳи мазкур факултети тарбияи ҷисмонӣва омодаии дифои ҳарбӣташкил карда шуд, ки дар он зиёда аз 660 нафар ҷавонони мо таълим гирифта истода, барои рушди соҳаи варзиш саҳми худро хоҳанд гузошт. Донишҷӯёни мо солҳои охир аз рӯи чандин намудҳои варзиш волибол, футбол, баскетбол, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, дзю-до, гӯштини миллӣдар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣва байналмилалӣиштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштa истодаанд, ки ин ифтихори мо омӯзгорон ва фахри донишгоҳ мебошад. Масалан: Сагизов Бахтовар аз рӯи намуди бокс дар мусобиқи ҷумҳуриявӣсазовори ҷойи 1-ум ва медали тилло гардид. Каримов Хизралӣбошад, аз рӯи намуди гуштинги Ҷию-Ҷитсу дар чемпионади ҷаҳон сазовори медали тилло гардид.
Ногуфта намонад, ки Латипов Сорбон низ дар Чемпионади ҷаҳон аз рӯи намуди Самбои муҳорибавӣиштирок намуда, сазовори медали биринҷӣгардида, се карат иштирокчии чемпонади ҷаҳон мебошад. Раҳимов Биноӣниз дар мусобиқаи Осиё ширкат варзида, сазовори ҷойи 1-ум аз рӯи намуди Тайквандо ВТЭФ Тоҷикистони худро дар арсаи Осиё муаррифӣнамудааст.
Бояд гуфт, ки баъд аз шунидани Паёми имсола мо омӯзгорон тасмим гирифтем, ки боз ҳам хубтар ҷавононро дар соҳаи варзиш омода намуда, онҳоро барои дӯст доштани Ватани худ ва ҳифз намудани Тоҷикистонамон ҳамчун як ҷомеаи солим тайёр намоем.
Варзиш ин ақли солим, рӯҳи солим ва ҷисми солим аст!
Анвар НАИМОВ, ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ