Home ХАБАР ТАШАББУСИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ДАР ЁРИИ АМАЛӢ БА ОСЕБДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ

ТАШАББУСИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ДАР ЁРИИ АМАЛӢ БА ОСЕБДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ

by admin
299 views

      Офати аз паёмади боришҳои пайдарҳаму сахт, ки дар рӯдхонаҳои кӯҳсор селу обхезиҳоро ба миён овард, аз ҳама беш рӯдхонаи Тебалайро пурталотум карда, ба шаҳру деҳоти Кӯлоб сарозер шуд. Ба якборагӣ бояд гуфт, ки чунин сели сахтро пешгирӣ кардан метавон гуфт номумкин буд.

     Сел ба зиндагии мардум ва низоми шаҳрдории Кӯлоб осеби чашмрас овард. Аз ҳама дардовар он буд, ки якчанд одам аз ин фалокати табиат умри худро аз даст доданд.

    Бо ин ҳама мардуми Кӯлоб дар ин рӯзҳои сангин худро танҳо эҳсос накарданд. Пеш аз ҳама, дастурҳои фаврии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми бонангу номуси кишварро ба по хезонд. Фаврӣ дар шаҳри Кӯлоб Ситоди рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ташкил шуда, ба кор оғоз кард. Дар як муддати кӯтоҳ наҷотдиҳандагони Кумитаи Ҳолатҳои фавқулодда беш аз 315 хонаро аз гилу лой тоза карда, ба пок намудани кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб машғул шуданд.

     Кӯмакҳо аз маводи ғизоӣ, ашёи хона, рахти хоб ва дигар ашёҳои рӯзгор, маводи сохтмонӣ аз ҳисоби захираҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан аз фонди Президенти мамлакат, аз ҳисоби раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раиси вилояти Хатлон, шаҳри Ҳисор, вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар навоҳии кишвар пайдарҳам ба шаҳри Кӯлоб мерасад.

   Корвони мошинҳои ҳомили кӯмакҳои мухталифи моддию ғизоӣ аз маркази маъмурии вилояти Хатлон ба самти шаҳри Кӯлоб, зери шиори «ШУМОРО ТАНҲО НАМЕГУЗОРЕМ, МАРДУМИ КӮЛОБИ БОСТОН!» ба шаҳри Кӯлоб ворид гардид.

   Сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, аз ҷумла Бохтар, Левакант, Норак, ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Хуросон, Кӯшониён ба нишони ҳамдилӣ бо сокинони аз офатҳои табиӣ, дар ҳошияи сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат маҳсулоти ниёзи аввалияи аҳолиро ба шаҳри Кӯлоб фиристоданд.

    Аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ бо сарварии Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ҳар як хонадони осебдида рафта, бо бошандагон суҳбат карда, арзу пешниҳодҳои осебдидагонро ба қайд гирифта дар пайи расондани ёрии амалӣ мебошанд.

     Аз ҷониби Ситод ба осебдидагон тақсимоти хӯроки гарм ташкил карда шуд.

   Дар бисёре аз муассиса ва корхонаҳои шаҳр ҷамъомадҳои кормандон доир гардид, ки дар он ташаббускорон ташкил намудани шанбегиҳо ва расондани ёрии молии худро пешниҳод намуданд.

    Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯзи 14-уми май маҷлиси васеъи ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандон баргузор гардид, ки дар он аз рӯйи пешниҳодҳои иштирокчиён қарори алоҳида қабул карда шуд.

    Дар ин ҷамъомад ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо пешниҳод намуд, ки бо дарназардошти имкониятҳои ҳосилшуда, дар сурати дастгирии ҳозирон, мешавад як хонаи истиқоматӣ, аз рӯи лоиҳаи аз тарафи Ҳукумати мамлакат тасдиқгардида сохта, ба ихтиёри осебдидагон хоҳем дод.

    Таклифро ҳама якдилона пазируфта, ба пешниҳод илова намуданд, ки аз ҳисоби моҳонаи шахсии худ, дар зарфи ду моҳ чор рӯзи кории хешро ба зарардидагони офати табиӣ мебахшанд. Як идда профессорону омӯзгорон пешниҳод намуданд, ки яке яхдон, дигаре телевизор, сеюм қолин, рахти хоб ва дигар ашёҳои рӯзгори он хонаро таъмин хоҳанд кард.

    Ҳамчунин, аз ҳисоби омӯзгорон ва кормандон 15 гурӯҳҳои ёрирасон ташкил дода шуданд, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пок кардан ва ба тартиб даровардани хонаву ҳавлиҳои осебдидагон ёрии амалӣ мерасонанд.

    Аз ҷумла, намунаҳо аз рафти ёриҳои амалии омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ, аз ҷумла, факултетҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, физика ва математика, филологияи хориҷӣ, филологияи тоҷик ва журналистика, иқтисод ва идора ва молиявию иқтисодӣ дар кӯчаҳои ба номи Даминзода, Содиқов ва Хати Роҳи шаҳри Кӯлоб.

Related Articles

Leave a Comment