Ваҳдат на танҳо як калимаи хушоҳангу пурмаъно, балки вожаест, ки дар он арзишмандтарин ҷавҳари миллати тоҷик ва ҳастии он нуҳуфта аст.
Ваҳдат. Вақте ин вожаро ба забон меорем, беихтиёр дар пеши чашмамон симои абармарди шуҷоъу далери олами сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудор мешавад.
Мо, хурду калон шоҳиди нооромиҳое будем, ки миллати тоҷикро ба парокандагиву нестӣ мебурд. Шоҳиди он будем, ки Тоҷикистони азизу меҳрубони мо чун модари зору ҳайрон миёни ҷанги бародаронаи ҳамхуну ҳаммиллат монда буд. Бархе аз ашхосе, ки хоки муқаддаси ин диёр онҳоро парварда ва обу нони ин сарзамин онҳоро ба воя расонида буд, аз курдилӣ, ҷоҳилӣ душмани халқу ватани хеш гаштанд. Шоҳиди он лаҳзаҳое будем, ки чӣ гуна ҷанги бародаркӯш сарсониву саргардонӣ, гурӯснагиву беморӣ, ғарибию хории зиёде ба сари мардуми тоҷик овард. Нолаи ҷонсӯзи падару модарони фарзандгумкарда, ашки талхи тифлони ятимгашта, гиряи зори пирони барҷомонда фазои ватанро фаро гирифта буд. Ватан чун бемори захмхӯрдае буд, ки ба табиби ҳозиқ ниёз дошт. Барои марҳам намудан ва ба ҳам овардани ин решаи амиқу дардноки миллати тоҷик донишманди тадбирандеш, боҳуш ва ҷасоратманде лозим буд, ки решаи асосии бемориро аз набзи ватан дарёбад.
Худованд оҳи мардуми ғарибу роҳгумкардаи моро шунид. Раҳмати худро, дармонбахши дарди миллату ватанро ба сӯи мо равона кард. Ниҳоят офтоби бахти миллати тоҷик, абрҳои тираву сиёҳи кинаву адоватро бо нурҳои ҷонбахшаш пора карду тулӯъ намуд. Ин офтоб, ин нурбахши хонаи тору мотамзадаи тоҷик, ин табиби ҳозиқу дармонбахши дарди миллату ватан, фарзанди арзандаи Тоҷикистон, Қаҳрамони миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки қадами ҷасорат ба майдони мардонагӣ ниҳод. Дар як муддати кӯтоҳ бо лутфи Худо, ба талошу заҳматҳои ин марди неку нотакрор сулҳу созгорӣ миёни тоҷикон баробар гардид. Ин ваҳдату ягонагӣ сол то сол чун ҷавони нерӯманде мустаҳкаму боқувват гардидааст. Ватани азизи мо-Тоҷикистон имрӯз зеби сокинони ин дунёст. Қариб аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон барои истироҳат ва тамошои ин сарзамини биҳиштосо меоянд. Ҳамаи ин ободкорӣ, пешравиҳо самараи сулҳу ваҳдат ва иқдомҳои созандаву ташаббускориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якдилии мардуми тоҷик аст.
Шукрона аз он мекунем, ки сарвари оқилу дурандеш ва бедордилу соҳибмаърифат, соҳибхираду хештаншинос дорем. Зинда гардонидани рӯҳи олимону донишмандони гузашта, яъне ёдоварӣ ва бори дигар муаррифӣ кардани онҳо дар олам, аз нав эҳё гардонидани ҳунар ва фарҳанги бою қадимаи мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ин шахсияти бузургро боз ҳам ба дили тамоми тоҷикону тоҷикистониён наздиктару маҳбубтар мегардонад.
Пешвои муаззами мо ҷавононро ояндасози давлату миллат арзёбӣ намуданд. Бояд дар таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода, саҳми арзанда гузорем, то шогирдон аз асолати миллии хеш хабардор бошанд. Ҳар лаҳза шукрона аз он мекунем, ки тинҷиву оромӣ дар кишвари азизамон ҳукмфармо аст. Тамоми табиати гул-гулшукуфони ватан ба ҷисму ҷони кас роҳат мебашад.
Фарангиси ТУРАЗОДА,
ассистенти кафедраи фалсафа