Home ХАБАР БАР САНГАРАТ САЛОМ!

БАР САНГАРАТ САЛОМ!

by admin
242 views

Чун бод тезрав, чун барқ тезкор,

Чун санг пойбанд, чун кӯҳ пойдор.

Бо тору пуди ҷон, бо тору пуди тан,

Пайванд гаштааст бо пайкари Ватан.

Аз тангаи Вахон, то Бешаи паланг,

Аз Регари Ҳисор, то марзи Исфаранг,

Дар имтидоди шаб бедор марзбон,

Дар сангари Ватан ҳушёр марзбон…

Аз Модари Ватан бар Сангарат салом,

Аз Сангари Ватан бар Модарат салом!

Таърихи мулки мо андарзнома аст,

Ҳар зарра хоки мо як марзнома аст.

Ҳар нахл як шаҳид, ҳар санг як мазор,

Ҳар насл як набард, ҳар дашт корзор.

Ҳафтод пушти мо дар марз шуд ҳалок,

Ӯ хок хӯрда буд, аммо надод хок.

Ҳаргиз ба зиндагӣ сангар набохтем,

То сар набохтем, кишвар набохтем…

Аз Кишвари азим бар Сангарат салом,

Аз Сангари азим бар Кишварат салом.

Тифлони ин Ватан чун аввалин сухан,

Бо шир хӯрдаанд ин ҳикмати куҳан:

«То ман калон шавам, то қаҳрамон шавам,

То бар диёри худ, ман посбон шавам!»*

Як мулки нозанин андар паноҳи ту,

Як миллати азим узви сипоҳи ту.

Андар паноҳи ту ин хандаи лабаш,

Андар паноҳи ту тифлони мактабаш…

Бо Бовари бузург бар Боварат салом!

Аз Миллати бузург бар Сангарат салом!

Абдуллоҳи РАҲНАМО

Related Articles

Leave a Comment