Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МАХЗАНИ ДОНИШ

МАХЗАНИ ДОНИШ

by admin
371 views

Ишқи китоб фурсати хобам намедиҳад,

Ҷуз тарки хоб ишқи китобам намедиҳад…

Хуршеди пандҳои нависандаи китоб

Нуре диҳад, ки моҳу шаҳобам намедиҳад.

Оре, китоб махзани донишу савод, сарчашмаи дарки ҳаёт, рафиқи беҳтарини инсон ба ҳисоб меравад. Тарғиби китобу китобхонӣ бошад, корест савоб ва боиси солимгардонии ҷомеа ва сабаби рушду нумӯи он аст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» воқеан яке аз озмунҳои ҷолиб, бонуфуз ва хотирмонест, ки дар тарбияи насли ҷавони китобхону илмҷӯ ва тарғиби адабу ҳунар хизмати шоиста мекунад. Ташкил ва баргузории озмуни мазкур аз иқдомҳои хайрхоҳона ва дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки натиҷааш барои ҷомеаи шаҳрвандии мо хеле судманду фоиданок аст.

Чуноне ки шоҳид будем, дар шаҳри Кӯлоб низ чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даврҳои дуввум ва сеюми озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар онҳо шумораи зиёди хонандагону донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногун аз шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Ҳайати ҳакамони нуқтасанҷ одилона ба сатҳу дараҷаи дониши довталабон баҳои сазовор медоданд. Лаҳзаҳои суолу ҷавоб, шеърхониҳо ва нақли қиссаву афсонаҳо аз ҷониби ширкаткунандагони озмун дар ҳақиқат барои ҳозирин, яъне мухлисону тамошогарон ҷолибу фараҳбахш буд. Баргузории озмуни мазкур дар Қасри фарҳанг ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ воқеан ба иде монанд буд, ки таронааш саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба ин ганҷи бебаҳо, яъне китоб буд. Чуноне ки иттилоъ пайдо кардем, маъмурияти донишгоҳи мазкур дар ташкили шароити баргузории даври вилоятии озмун хизмати шоистае карда тавонист, ки сазовори аҳсану офаринҳост. Мушоҳидаи ҷараёни он ба дил бинанда гармӣ ато мекард. Масъулини донишгоҳ, зери роҳбарии ректори он профессори мӯҳтарам Мирализода А.М. пайваста аз рафти баргузории он, шароити кории аъзои ҳакамон ва вазъи ширкати довталабон бохабар буданд. Зеро масъулияти устодони донишгоҳи Кӯлоб низ дар баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» кам набуд. Аз нигоҳи ширкаткунандагони ин озмун хондан мумкин буд, ки онҳо чӣ қадар ба қироат ва аз ёд кардани шеъру ҳикоя ва қиссаву афсонаҳо дил бастаанд. Оре, ҳамин аст натиҷаи дилхоҳи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Натиҷае, ки ояндасоз аст. Ояндаи аз имрӯз дурахшонтар.

Бебаҳо, донишҷӯи Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ

Related Articles

Leave a Comment