Home ХАБАР ПАЙҒОМИ НЕК

ПАЙҒОМИ НЕК

by admin
258 views

Рӯзи 27-уми августи соли 2020 саромӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Холмуродова Меҳрафрӯз Буриевна дар мавзӯи «Таърихи раванди оштии миллии тоҷикон (1991-2001)»аз рӯи ихтисоси 6D020300 — таърих зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессори донишгоҳ Абдуллоев Маҳмуд Холович рисолаи илмиашро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

ХХХХ

     Рӯзи 17-уми сентябри соли 2020 ассистенти кафедраи  адабиёти  тоҷик  ва  журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Исмоилова Фарзона Қаюмовна рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Матбуот дар ҷангҳои иттилоотӣ (дар мисоли ҳаводиси Миср, солҳои 20112013)» аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 — Рӯзноманигорӣ зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муқимов Муҳаммадӣ Аминович бомуваффақият ҳимоя намуданд.

ХХХХ

Рӯзи 17-уми сентябри соли 2020 ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Одинаева Марҳабо Ҳакимовна рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Инъикоси адабиёти бадеӣ ва нақди адабӣ дар маҷаллаҳои махсусгардонидашудаи Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D 050400 — Рӯзноманигорӣ зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи журналистикаи ватанӣ ва байналхалқии Муассисаи таълимии байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Нуралиев Абдусаттор Нуралиевич (Рӯҳашон шод бод!), бомуваффақият ҳимоя намуданд.

     Раёсати донишгоҳ ин комёбии илмиро ба муҳаққиқон ва роҳбарони илмиашон сидқан табрик намуда, дар корҳои минбаъдаашон бурдбориҳо таманно дорад.

Related Articles

Leave a Comment