Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО КАС НАХОРАД ПУШТИ ТУ…

КАС НАХОРАД ПУШТИ ТУ…

by admin
318 views

Подшоҳе болои асп ва бо навкарони бешумораш ҳамроҳ аз кӯчаи шаҳр гузар мекард. Ногоҳ чашмаш ба гадое афтод, ки болои замин лучу урён мехобаду пашшаи бисёре ӯро печонидаанд. Гадо ҳар қадаре магасҳоро пеш мекунад, аммо зӯраш намерасад, тамоми бадани гадоро хуншор кардаанд.

Подшоҳ пеши гадо омаду гуфт:

— Имрӯз табъи хуше дорам. Ҳарчӣ мехоҳӣ бигӯ, иҷро хоҳам кард.

Гадо посух дод:

— Мегӯянд Шумо хеле тавонмандед, хоҳиш дорам, ҷалолатмаоб, ҳамин пашшаҳоро аз пеши ман дур созед…

Подшоҳ гуфт:

— Аммо пашшаҳо ба ман итоат намекунанд. Ҳар чизи дигаре бихоҳ, аммо пашшаҳоро ман пеш карда наметавонам…

Гадо ба задани пашшаҳои атрофаш машғул шудаву гуфт, ки дархости дигаре надорад.

Подшоҳ дар ҳайрат монду роҳашро идома дод. Пас аз он ки ӯ рафт, мардумони атроф давидаву пеши гадо омаданд ва гуфтанд:

— Албатта подшоҳи тавонманди мо бароят ҳадяи бисёре кард?

Гадо посух дод:

— Кадом подшоҳи тавонманд? Ӯ, ки ҳатто магасҳоро пеш карда наметавонад!

Мантиқ: Мушкили ҳар касро танҳо худаш ҳал карда метавонад!

Кас нахорад пушти ту, ҷуз нохуни ангушти ту,

Кори худро худ кунӣ, то нек ояд кори ту.

Related Articles

Leave a Comment