Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ НАФС ЧИЗИ ҒАЙРИОДДӢ АСТ!

НАФС ЧИЗИ ҒАЙРИОДДӢ АСТ!

by admin
265 views

Алббата ин дуруст аст, ғайриоддӣ будани нафс ба ҳамаи мо маълум аст. Ҳамаи халқи дунё кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бар муқобили нафс ғолиб бароянд, вале ин на он қадар осон аст, нафс ҳамеша ғолиб меояд. Барои нафсро бишкастан дили пок, сухани рост, поквиҷдонӣ ва дили нарм лозим аст. Чунон ки қайд кардаанд:

Нафсро бишкан, нагардад боз зиёд,

Ҳамчу ҳайвон баҳри худ охур масоз!

Вақте, ки нафс бар ту ғолиб ояд, пас аллбата вай зиёд мешавад ва охур ин як узви бақар мебошад ва нафс ба монанди ҳамон мешавад. Ҳамин тариқ, вобаста ба шароиту муҳит оҳиста-оҳиста хислату характери инсон тағйир меёбад. Ҷолиби диққат аст, ки инсон бар муқобили нафс ғолиб биёяд, вале на он қадар душвор ин ҳама аз заҳматҳои инсон вобаста аст.

Дар натиҷа, таҷрибаҳое ҳаст, ки инсон метавонад худро бисанҷад ва хулосаи худро барорад. Баъдан, инсон дар он сурат комёб мегардад, ки агар ба нерӯи худ боварӣ дошта бошад. Инсон қобилияташро замоне мефаҳмад, ки барои истифода, бурдани он азм намояд.

Аз ин ҷо бар меояд, ки нафс системаи даруни инсон мебошад. Барои маънои нафсро фаҳмидан идеяи ҷамъиятӣ ва идеяи худро фаҳмидан лозим аст.

Хулоса, кори баландафрохтае, ки аз амали инсони нопоку номурод вобаста аст, рӯзе валангор хоҳад шуд.

Сайвали ТЕШАЕВ,

донишҷӯи соли 4-уми

факултаи иқтисод ва идора

Related Articles

Leave a Comment