Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ 5 РОҲИ МУВАФФАҚ ШУДАН

5 РОҲИ МУВАФФАҚ ШУДАН

by admin
339 views

Дар зиндагӣ барои ба даст овардани чизе баъзе амалҳоро иҷро бояд кард. Масалан, барои таом хӯрдан аввал таомро омода кардан зарур аст. Барои муваффақ шудан ҳам баъзе амалҳоро анҷом бояд дод.

  1. Мушоҳидакор бошед! Ҳар амале, ки дар атрофии шумо рух медиҳад ба он нигоҳ кунед, зеро ҳаёти атроф беҳтарин сарчашма барои таҷрибаи нав ва фикрҳои нав мебошад.
  2. Ягон фикреро, ки ба саратон меояд раҳо накунед. Ҳамаашро барои худ дар дафтари қайдҳо навишта гиред. Агар сари вақт ба анҷом расонида натавонистед, метавонед баъди як рӯз ё як сол боз ба сари он баргардед ва онро амалӣ кунед. Инро шахсан худам таҷриба кардам, бисёр ба ман кӯмак расонд.
  3. Бисёртар аз одамони атрофатон ибрат бигиред. Дар атрофи шумо ҳам ин намуд одамон ҳастанд. Шумо аз онҳо ибрат, фикру андешаҳои нав, калимаи нав, муносибат, хатоӣ ва ҳатто таҷриба гирифта, ба фоидаи худ кор баред.
  4. Ҳама вақт ба худ дафтари қайдҳо дошта бошед. Дар ин ҳолат шумо метавонед ҳар як дақиқаи холиатонро ба хондани он сарф кунед. Он ақидаҳое, ки дар дафтари қайдҳо қайд карда будед, барои дар амал татбиқ намудани онҳо кӯшиш кунед.
  5. Ҳар рӯз ақалан 30 дақиқа вақти худро ба мутолиаи китоб бипардозед. Дар давоми як сол шумо тақрибан 24 китобро мутолиа мекунед. Дар ҳоле ки дигарон инро дар 10 сол мутолиа мекунанд.

Шафқат ИДИЕВ,

донишҷӯи соли 4-уми

факултаи филологияи рус

Related Articles

Leave a Comment