Модар – калимаи зебо ва дилнишин аст. Модар шахсест баъд аз Худо. Ҷаннат зери қудуми модарон аст. Ҳастии ҳар яки мо бо сабаби дуои модарон аст. Ҳар куҷое, ки сафар намоем, ба ҳар кори неку даст занем, бехатариву бобарории он бо сабаби дуои модар аст. Бузургон ҳарфҳои калимаи модарро чунин маънидод кардаанд: М-меҳр, О-одоб, Д-дил, А-ақл, Р-раҳм. Модар ба мисли гавҳари ноёб аст. Модар чароғи хонадон, чинори соябон ва гармии хонадон ба ҳисоб меравад, зеро ҳама вазнинии фарзанд бар дӯши модар вогузор аст.
Модар нафарест, ки бо як даст аллагӯён гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Модар ҳам замин асту ҳам осмон. Вақте дар зонуи модар хобат мебарад ва саратро модар сила менамояд, ин ғанимат аст. Модар ахтар, ёвар, нури зиндагӣ баҳри фарзанд ба ҳисоб меравад. Қиммати тилло бо шири сафеди модар баробар шуда наметавонад. Модарҷонам, гавҳари ноёобам, нури чашмонам, қуввату дармонам аз худо хоҳонам, ки шуморо ҳамеша бе дарду ғам болои сари мо нигаҳбон бошад.
Садриддин ЗИЁЕВ,
донишҷӯи соли 1-уми
факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг