26 ноябри соли 2026 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-эҷодии «Адабиётшинос»-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар маҳфил роҳбари он, ассистенти кафедра Гиёева Тахмина, омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзо иштирок намуданд.
Нахуст, роҳбари маҳфил Гиёева Тахмина суханронӣ намуда, маҳфилро ифтитоҳ намуд. Ӯ доир ба мавзуъҳои баррасишаванда маълумот дода, оид ба роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти маҳфил ва тақвияти корҳои илмӣ-эҷодии аъзои он ибрози андеша намуд.
Сипас, Собирзода Саидҷон-донишҷӯи курси сеюми факултет, дар мавзуи «Истифодаи зарбулмасалу мақолҳо дар ашъори Саидҷон Ҳакимзода» ва Сайдамирзода Парвина-донишҷӯи курси чоруми факултет, дар мавзуи «Ҷилваҳои ишқ дар ғазалиёти Урфии Шерозӣ» маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар фарҷоми маҳфил таъкид гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ-эҷодӣ дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ, такмили донишҳои назариявӣ ва таҳкими малакаҳои таҳқиқотии донишҷӯён аҳаммияти муҳим дорад.
