26 ноябри соли 2026 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-амалии “Маърифати молиявӣ”-и назди кафедраи молия ва қарз баргузор гардид.
Маҳфил дар мавзуи “Оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии таваррум дар фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ” доир гардида, зимни он сабабҳои ба вуҷуд омадани таваррум, таъсири он ба низоми бонкӣ, тағйирёбии қобилияти харидории аҳолӣ, фаъолияти қарздиҳӣ ва пасандозгузорӣ, инчунин роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии таваррум ба фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар маҳфил донишҷӯи курси сеюми ихтисоси кори бонкӣ Сайназаров Зиёвиддин дар ҳамин мавзуъ баромад намуда, оид ба паҳлуҳои гуногуни масъала маълумот пешниҳод кард. Ӯ дар баромади худ таъсири таваррумро ба фаъолияти молиявии бонкҳои тиҷоратӣ, тағйирёбии меъёри фоизи қарзҳо ва пасандозҳо, инчунин оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии онро мавриди таҳлил қарор дод.
