Дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии факултети тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили «Парчамбардорони миллат» бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Маҳфил бо мақсади баланд бардоштани маърифати варзишии донишҷӯён, шиносоӣ бо таърихи намудҳои гуногуни варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ роҳандозӣ гардид.
Дар маҳфил Шарифзода С., донишҷӯи курси сеюми ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ, дар мавзуи «Таърихи тараққиёти гӯштини юнону румӣ» маърӯза пешниҳод намуд. Ӯ бо роҳнамоии Зардов Ҷумахон, ассистенти кафедра, оид ба пайдоиш, марҳилаҳои ташаккул ва рушди ин намуди варзиш, инчунин нақши он дар тарбияи ҷисмонӣ ва омодасозии варзишгарон маълумот дод.
Сипас, Баротов Шорух, донишҷӯи курси чоруми факултет, дар мавзуи «Варзиш — муаррифгари миллат дар саҳнаи ҷаҳонӣ» баромад намуда, бо роҳнамоии Нурматов Ҳисомудин, муаллими калони кафедра, доир ба нақши варзишгарон дар муаррифии давлату миллат, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва аҳамияти дастовардҳои варзишӣ дар таҳкими ифтихори миллӣ андешаронӣ кард.
Дар фарҷоми маҳфил иштирокчиён атрофи мавзуъҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор намуда, аҳамияти варзишро дар тарбияи насли ҷавони солим, ватандӯст ва дорои рӯҳияи баланди созандагӣ таъкид карданд.
