Home ХАБАР ДАРСИ ТАРБИЯВӢ: НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

ДАРСИ ТАРБИЯВӢ: НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

by admin
16 views

Имрӯз дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Гулов Далер-омӯзгори кафедраи методикаи таълими информатика дар гурӯҳи таълимии 108-и ихтисосии информатика, дарси тарбиявӣ дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни дарс омӯзгор доир ба марҳилаҳои муҳими ташаккули низоми давлатдории конститутсионӣ дар Тоҷикистон маълумот дода, таъкид намуд, ки қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвар рӯйдоди муҳим ба шумор рафта, барои муайян намудани самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамчунин, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва нақши санади мазкур дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа андешаҳои худро баён кард.

Дар идомаи дарс омӯзгор ба масъалаҳои масъулияти шаҳрвандӣ, риояи қонунгузорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳми ҷавонон дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳар як ҷавон бояд бо омӯзиши қонунҳои кишвар, аз худ намудани донишҳои муосир ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ саҳм гузорад.

Донишҷӯён низ дар раванди дарс фаъолона иштирок намуда, бо маърӯзаҳо баромад карданд, шеърҳои ватандӯстона қироат намуданд ва андешаҳои худро вобаста ба мавзуъ баён доштанд. Чунин дарсҳо барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои давлатдорӣ мусоидат менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment