Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ

by admin
13 views

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади такмили маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва густариши таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ ба баргузории дарсҳои намунавию тарбиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Дар ҳамин замина, дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ аз ҷониби Ҳамидзода Зебунисо, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик, дарси тарбиявӣ бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни дарс омӯзгор доир ба нақш ва мақоми Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат, заминаҳои таърихии қабули он, арзишҳои конститутсионӣ ва аҳамияти он дар ташаккули давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, заминаи устувори рушди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро фароҳам меорад.

Дар идомаи дарс ба масъалаҳои эҳтиром ба қонун, риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзу таҳкими арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Омӯзгор донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят намуд.

Донишҷӯён низ дар раванди дарс фаъолона иштирок карда, бо маърӯзаҳо баромад намуданд, шеърҳои ватандӯстона қироат карданд ва андешаҳои худро доир ба аҳамияти Конститутсия, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва нақши он дар ҳаёти ҷомеа баён доштанд.

Related Articles

Leave a Comment