Home ХАБАР ТАВАҶҶУҲ БА ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ МЕАФЗОЯД

ТАВАҶҶУҲ БА ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ МЕАФЗОЯД

by admin
14 views

Таърихи 3-юми ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони “Таваҷҷуҳ ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар донишгоҳ» ҳамоиши бошукӯҳ бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ва гурӯҳи донишҷӯён, аз ҷумла донишҷӯёни ятиму нимятим ва дорои имконияти маҳдуд баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, таъкид кард, ки дастгирии ҷавонон, бахусус донишҷӯёни ятиму нимятим ва дигар гурӯҳҳои ниёзманди ҷомеа, зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти Олии мамлакат ва роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад. Зикр гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ин қишри ҷомеа танҳо бо расонидани кумакҳои моддӣ маҳдуд намешавад, балки фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, тарбия, рушди қобилияту истеъдод ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ низ аз самтҳои муҳими ин раванд ба шумор меравад.

Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки ҳар як донишҷӯ, новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва шароити зиндагӣ, бояд имкони баробари таҳсилу донишандӯзӣ ва расидан ба ҳадафҳои худро дошта бошад. Ба ин хотир, роҳбарияти донишгоҳ пайваста талош менамояд, то донишҷӯёни ятиму нимятим ва дигар ҷавонони ниёзманд аз таваҷҷуҳу дастгирии зарурӣ бархӯрдор бошанд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити таҳсил, дастрасӣ ба китобу маводи таълимӣ, истифодаи имкониятҳои китобхона ва марказҳои омӯзишӣ, инчунин ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва корҳои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки яке аз вазифаҳои муҳим фароҳам овардани заминаи мусоид барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, донишҷӯён бояд ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ, азхудкунии забонҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва иштирок дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар ҷалб карда шаванд. Ректори донишгоҳ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида пайваста дониш омӯзанд, истеъдоду маҳорати худро рушд диҳанд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибкасбу ватандӯст ба ҷомеа хизмат намоянд.

Ҳамчунин, масъалаҳои тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, риояи одобу ахлоқи донишҷӯӣ, масъулиятшиносӣ, пешгирии амалҳои номатлуб ва интихоби роҳи дурусти зиндагӣ мавриди таъкид қарор гирифтанд. Ректор иброз дошт, ки ҷавонон бояд бо рафтору гуфтор, дониш ва дастовардҳои худ намунаи ибрат бошанд ва дар ободониву пешрафти Ватани азиз саҳми арзанда гузоранд.

Дар идомаи ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими тарбиявӣ ва масъулияти донишҷӯён андешаронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ, интизоми намунавӣ, иштироки мунтазам дар машғулиятҳо ва муносибати ҷиддӣ ба раванди таълим аз талаботи асосии фаъолияти ҳар як донишҷӯ мебошад.

Ҳамзамон, муовини ректор ба дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаву озмунҳои гуногун ишора намуда, онҳоро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки донишҷӯён бояд аз чунин имкониятҳо самаранок истифода бурда, бо ташаббускорӣ, донишомӯзӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти донишгоҳ мавқеи худро мустаҳкам намоянд.

Дар фарҷоми ҳамоиш масъалаҳои марбут ба таҳсил, шароити донишҷӯӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои донишгоҳӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, таъкид шуд, ки чунин мулоқоту суҳбатҳои ошкоро минбаъд низ идома меёбанд.

Related Articles

Leave a Comment