Меҳргон яке аз куҳантарин ва муқаддастарин ҷашнҳои бузурги мардуми тоҷик ба шумор рафта, таърихи пайдоиши он ба ҳазорсолаҳои пеш аз мелод рост меояд. Ин ҷашни бостонӣ дар баробари Наврӯз ва Сада аз ҷумлаи се ҷашни бузурги миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, дар худ фалсафаи амиқи зиндагисозӣ, меҳру муҳаббат, адолатпарварӣ ва шукргузориро таҷассум менамояд.
Дар тӯли таърихи бисёрҳазорсолаи худ миллати тоҷик марҳилаҳои душвори зиёдеро паси сар кард, аммо бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо тавонист ин мероси гаронбаҳои фарҳангиро ҳифз намуда, то биимрӯз расонад. Эҳёи дубораи Меҳргон дар замони Истиқлоли давлатӣ гувоҳи он аст, ки халқи тоҷик ба аслу насаби хеш содиқ буда, фарҳангу тамаддуни куҳани худро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш оид ба ҷашни Меҳргон чунин ибрози ақида намудаанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстию муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».
Меҳргон ҷашнест, ки гузаштаи дури пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзи моро ба фардои дурахшон пайванд медиҳад. Таҷлили ҷашни Меҳргон ҳамчун мероси арзишманди ниёгон ба шумор рафта, таҷассумгари одобҳои неки инсонӣ, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, сипосгузорӣ аз меҳнат ва дастоварди кишоварзон маҳсуб меёбад. Бояд тазаккур дод, ки русуми баргузории ин иди бостонӣ аз замонҳои қадим то ба имрӯз боқӣ мондаанд.
Дар «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ омадааст, ки ҷашни Меҳргонро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонанд, вале оид ба пайдоиши ҷашни мазкур ақидаҳои зиёде мавҷуданд, ки агар онҳоро натиҷагирӣ намоем, маълум мешавад, ки ин ҷашн ҳанӯз дар аҳди бостон, ҳангоми ҳукмронии аввалин сулолаи ориёӣ – Пешдодиён ба вуҷуд омадааст. Баъдан дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ сарнавишти бисёр сахтро аз сар гузаронид. Воқеан ҳам, воқеаҳои таърихӣ барои нобудшавии фарҳанги қадимаи ориёиҳо, махсусан чунин ҷашнҳои мо таъсири худро расонидааст. Мусаллам аст, ки тоҷикон дар тӯли таърих гарчанде марзу бум ва дороиҳои модии хешро борҳо аз даст додаанд, вале доимо парчами ғолибият ва сарфарозӣ дар дасти ин миллати тамаддунофар буд ва тӯли ҳазорсолаҳо тоҷикон тавонистанд, ки чунин ойинҳои оламгирро аз дасти душманон эмин нигоҳ доранд.
Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, Меҳргон дар давлатҳои Пешдодиёну Каёниён хеле васеъ таҷлил мегардид. Дар замони давлатдории империяи бузурги Ҳахоманишиҳо мақому манзалати ойинҳои ориёӣ хеле баланд буд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ пайдост, ки таҷлили ҷашнҳои миллии мо дар замони ҳукмронии Куруши Кабир ва Дориюши I ҷилои хоса дошт. Дар он замон таҷлили ҷашнҳои ниёгон ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бунёд ёфта буданд. Аз рӯйи матни катибаи Бесутун шоҳ Доро маҳз дар айёми Меҳргон ба Бардии дурӯғин пирӯз мешавад. Аз ин лиҳоз, ҷашни Меҳргонро он кас азиз медонистанд.
Замони ҳукмронии сулолаҳои Ашкониён ва Сосониён ҷашнҳо хеле густурда таҷлил мешуданд. Абурайҳони Берунӣ низ оид ба таҷлили ҷашни Меҳргон менависад, ки: «Дар айёми Меҳргон шоҳони Сосонӣ ба сурати Офтоб тољеро ба сар гузошта, шодмонӣ мекарданду ба мардум туҳфаҳо арзонӣ медоштанд».
Дар замони ҳукмронии Ардашер, Шопури I ва Хусрави I ҷашни Меҳргон хеле ривоҷ гирифт. Дар аҳди Сосониён дар шаҳрҳои Тайсафун, Нишопур, Бишопур, Исфаҳон майдонҳои калони идона ороста мешуданд. Ҳамзамон, дар ҳудудҳои тоҷикнишини давлати Кӯшониён ва Ҳайтолиён мардум ин ҷашнҳоро гиромӣ медоштанд. Мутаассифона, то замони мо оид ба ҷузъиёти таҷлили ҷашнҳои мазкур дар давлатҳои зикршуда маълумоти кофӣ боқӣ намондааст.
Баъди ба сари қудрат омадани сулолаҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён таҷлили ин ҷашнҳои миллӣ васеъ гардид. Дар дарбори Сомониён ҳамасола ҷашни Меҳргон баргузор мешуд, ки яке аз анъанаҳои он ба ҳамдигар ҳадя додан буд. Бинобар навиштаи муаррихи асримиёнагӣ Саолибӣ, котиб ва шоири дарбори Сомониён Абдураҳмони Диноварӣ дар айёми Меҳргон ба мардуми яке аз деҳаҳо гулоб, себ, анор ва гули сурх туҳфа карда буд.
Пас аз суқути давлати Сомониён дар муҳити давлатҳои турктабори Ғазнавиён, Қарахониён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён ин ҷашнҳо побарҷо буд. Исботи ин гуфтаҳо пеш аз ҳама, дар он аст, ки шоирони ҳамин давра ба монанди Унсурӣ, Асадии Тӯсӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолуддини Балхӣ дар эҷодиёти хеш ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргонро зиёд сутудаанд.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мефармояд:
Эй, ки мепурсӣ нишони ишқ чист?
Ишқ чизе ҷуз зуҳури Меҳр нест.
Садриддин Aйнӣ ҷашни Меҳргонро, ки он дар фасли тирамоҳ баргузор мегашт, дар «Ёддоштҳо»-и худ таҳти унвони «Сайри Дарвешобод» ба таври муфассал ба ёд меорад. Устод Садриддин Айнӣ раванди баргузории ин ҷашнро, ки худ дар он иштирок кардааст, тасвир намуда, аз шодиҳо, бозиҳо, сурудхониҳо ва шӯхиҳои мардум бо самимият ёд кардааст.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи асосии эҳёи суннатҳои аҷдодӣ фаро расид. Маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин ҷашни таърихӣ аз нав эҳё карда шуда, дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллии кишварамон шинохта гардид.
Бо шарофати Истиқлоли кишвар ва ибтикори Президенти фарҳангсолорамон ин ойини бостонӣ дубора эҳё шуд ва ҷашни он гувоҳи ворисони аслии фарҳангу тамаддуни қадимӣ будани мо – тоҷикон аст, ки арҷ гузоштан ба ин фарҳангу тамаддуни бостонӣ вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Мубина Қаюмова, саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
