Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ДАР ПАЙРОҲАИ АНДЕША

ДАР ПАЙРОҲАИ АНДЕША

by admin
7 views

Дар зиндагӣ бо инсонҳое вохӯрдан мумкин аст, ки тамоми ҳаёти худро дар доираи тақвим даровардаанд. Аммо арзиши зиндагии онҳо бо солу моҳ андозагирӣ карда намешавад. Зеро баъзеҳо чунон зиндагӣ кардаанд, ки дар баробари хотираҳои хуби рӯзгор, пайи қадам, осори андеша ва чароғи нурбахшеанд, ки ҳамеша роҳи дигаронро равшан месозанд. Зиндагии чунин одамон ба китобе мемонад, ки ҳар саҳифааш аз заҳмат навишта шуда, ҳар сатраш бо таҷриба обутоб ёфтааст. Зиёии хирадафрӯз ва донишманди тавоно устод Маҳмадулло Ибодов аз зумраи ҳамин гуна инсонҳост.

Оре, профессор Маҳмадулло Ибодов чеҳраест чун офтоби тобон, ки бо илму маърифати волояш ба қалбҳо нури гармӣ мебахшад. Чеҳраест, ки суханаш аз қалб бармехезад ва ба қалб роҳ меёбад. Вай дар масири зиндагии хеш пешоҳанги роҳи адолат аст. Шахсиятест бо ҳазор хислати накӯ, ки метавон аз табиаташ мактаби ҷавонмардиро омӯхт. Донишмандест, ки бо маънои томаш садрнишини садри инсоният аст. Омӯзгорест, ки бо тамоми вуҷудаш баҳри хизмат ба дигарон зиндагӣ мекунад. Инсонест дар шахсияти худ нотакрор.

Понздаҳуми октябри соли 1948 дар деҳаи Дошманди ноҳияи Муъминобод ба дунё омадани ӯ ҳанӯз оғози қиссае буд, ки баъдтар саҳифаҳои зиёди он бо илму омӯзгорӣ, ҷустуҷӯ ва андешарониҳо пур мешуданд. Деҳа бо зиндагии осуда, бо ранҷу машаққати мардум, бо бӯи замини яхбаставу намзада ва ҳавои гарми саҳро мактаби нахустини шинохти зиндагист. Дар чунин муҳити ранҷзадаву роҳатафзо инсон пеш аз ҳама қадри меҳнат, сабр ва ростиро меомӯзад. Шояд маҳз ҳамин заминаҳои зиндагии мардумӣ дар ташаккули хислати устод низ бетаъсир намонда бошад.

Роҳи дониш аз ҳамон роҳҳоест, ки мусофираш на ҳамеша аз манзили ниҳоӣ хабар дорад. Танҳо медонад, ки бояд биравад, биомӯзад, бипурсад ва ба ҷавобҳои ёфтааш қонеъ нашуда, боз дар назди худ масъалаву мақсаду саволҳои нав гузорад. Зеро илм дари бастаеро мемонад, ки ҳар бор боз кунӣ, аз паси он уфуқи дигаре падид меояд.

Устод Маҳмадулло Ибодов роҳи худро бо ҳамин ҷустуҷӯҳо оғоз намудааст. Бо лаёқати баланди илмиву эҷодӣ номи мактаби деҳаашро ба сатҳи ҷумҳурӣ расонид ва дар байни ҳамсинфонаш намунаи ибрат шуд. Соли 1969 факултети биологияи Университети давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм намуд. Аммо роҳи минбаъдаи ӯ ба самти омӯзгорӣ ва таҳқиқоти фалсафӣ пайваст. Баъдтар фаъолияти худро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ идома дод. Ҳамин тавр, муҳите, ки дар он наслҳои ҷавон ташаккул меёбанд, ба майдони фаъолияти ӯ табдил ёфт.

Омӯзгор будан шарфи басо бузург аст.  Рисолати ӯ дари андешаро ба рӯйи инсон боз кардан аст. Ин нукта низ маълум аст, ки инсон донишро аз китоб мегирад, аммо омӯзгори ҳақиқӣ ба шогирд роҳи дарёфт ва чӣ гуна ба даст овардани донишро меомӯзонад, ҷавобро мефаҳмонад, ҳамзамон ҷасорати савол доданро низ дар қалби ӯ бедор месозад.

Фалсафа бошад, ҳикматест аз ҷаҳони савол тавлидшуда. Савол дар бораи ҳастӣ, дар бораи инсон, дар бораи замон, дар бораи ҳақиқате, ки гоҳо дар паси пардаи зоҳир пинҳон мемонад. Файласуф бояд ба умқи ҳодисаҳо назар андозад, аз воқеият нагурезад ва барои дарки моҳият андеша кунад. Ин роҳ сабру таҳаммул, фаросат ва заҳмати пайвастаро талаб менамояд.

Устод Маҳмадулло Ибодов солҳои умри худро ба ҳамин роҳи пурпечутоби андеша бахшид. Пажӯҳиш барои ӯ танҳо ҷамъоварии далелҳо набуд, балки талоше барои дарки амиқтари масъалаҳои зиндагӣ ва ҷомеа ба шумор мерафт. Натиҷаи ин ҷустуҷӯҳо дар дастовардҳои илмии ӯ таҷассум ёфтанд. Соли 1977 ба дараҷаи номзади илмҳои фалсафа ва соли 1991 ба дараҷаи доктори илмҳои фалсафа мушарраф гардид. Соли 1992 ба ӯ унвони илмии профессор дода шуд.

Бо нигоҳ ба пайроҳаи зиндагии устод дарёфтан мумкин аст, ки дар паси ин санаҳо солҳои мутолиа, шабҳои андеша, варақҳои пурнавишта, ҷустуҷӯи ҷавобҳо ва бозгашт ба саволҳое, ки зоҳиран ҳалшуда менамуданд нуҳуфтаанд. Дастоварди илмӣ аксаран дар як рӯз ба даст намеояд, он қатра-қатра ҷамъ мешавад, мисли обе, ки сангро на бо зарби сахт, балки бо сабри ҷовидонаи худ мешикофад.

Аммо ҳар қадар дониши инсон бештар шавад, масъулияташ низ меафзояд. Унвони илмӣ танҳо эътирофи роҳи тайшуда набуда, он ҳамзамон уҳдадории идомаи роҳ аст. Профессор будан маънои онро дорад, ки дар баробари пажӯҳишу омӯзиш, масъулияти тарбияи андешаи дигаронро низ бар дӯш дорӣ.

Дар фаъолияти устод Маҳмадулло Ибодов ин паҳлуи зиндагӣ низ ҷойгоҳи хосса дорад. Устод дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, аз ҷумла мудири кафедраи фалсафа ва муовини ректор буд. Дар чунин вазифаҳо на танҳо донишу таҷриба, балки тавони кор бо одамон, дарки масъулият ва муносибати ҷиддӣ ба кори таълиму тарбия аҳаммияти калон дорад.

Донишгоҳ танҳо бинои таълимӣ, толорҳои лексия ва рафҳои китоб нест. Донишгоҳ пеш аз ҳама муҳити ташаккули инсон аст. Дар ин муҳит ҷавон бояд на танҳо соҳиби ихтисос, балки дорои ҷаҳонбинӣ, виҷдони касбӣ ва ҳисси масъулият гардад. Аз ин ҷост, ки нақши омӯзгор аз доираи дарс берун меравад, сухани ӯ метавонад дар хотираи шогирд солҳо боқӣ монад, рафтори ӯ метавонад меъёри муносибат ба меҳнат гардад ва андешаи ӯ метавонад самти ҷустуҷӯи касеро дигар кунад.

Шояд маҳз дар ҳамин аст маънои амиқи рисолати омӯзгорӣ: инсон дар зиндагӣ на ҳамеша мебинад, ки донаи коштааш дар куҷо сабзид, аммо медонад, ки агар онро бо нияти нек ва заҳмати самимӣ кошта бошад, рӯзе самарае хоҳад дод.

Хизматҳои бисёрсолаи устод Маҳмадулло Ибодов дар соҳаи маориф бо қадршиносиҳои давлатӣ низ арзёбӣ гардидаанд. Соли 1998 ба устод унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2011 унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» дода шудааст. Ин қадршиносиҳо нишонаи эътирофи фаъолияти ӯ дар роҳи илму маориф мебошанд.

Вақте инсон ба остонаи синни нав қадам мегузорад, зиндагӣ гӯё аз ӯ мехоҳад, ки ба роҳи тайкардааш назар афканад. Солҳо аз паси ҳам мегузаранд, наслҳо ба воя мерасанд, муҳит дигар мешавад, саволҳои замон ранги нав мегиранд. Аммо он чӣ аз меҳнати самимӣ ба вуҷуд омадааст, дар гардиши рӯзгор осон гум намешавад. Донише, ки ба дигарон дода шудааст, дар хотираи шогирдон идома меёбад; андешае, ки бедор гардидааст, метавонад дар зеҳни наслҳои баъдӣ низ зиндагӣ кунад.

Понздаҳуми октябр барои устод Маҳмадулло Ибодов дар диди банда ин рӯзи бознигарии роҳест, ки аз деҳаи Дошманд оғоз ёфта, ба майдони илму пажӯҳиш расидааст. Роҳе, ки дар он ҳар зина бо омӯзиш, ҳар марҳила бо таҷриба ва ҳар дастовард бо масъулияти нав ҳамроҳ будааст.

Албатта, зиндагии ҳар инсонро наметавон танҳо бо унвону ҷоизаҳо баён кард. Дар паси номи ҳар донишманд ҷаҳони хоси ӯ, андешаҳои ногӯфта, орзуву умедҳо ва муносибати шахсиаш ба зиндагӣ нуҳуфтаанд. Вале як ҳақиқат равшан аст: роҳи илму омӯзгорӣ роҳи осон нест. Ин роҳ аз инсон талаб мекунад, ки ҳамеша биомӯзад, ба дониши худ қонеъ нашавад ва барои дигарон низ манбаи маърифат бошад.

Зодрӯзи устод фурсати муносибест барои арҷгузорӣ ба ҳамин роҳи пурзаҳмат. Роҳи касе, ки умри худро ба илму маориф пайванд додааст ва дар фазои донишгоҳӣ нақши омӯзгор, муҳаққиқ ва муовини ректор оид ба таълимро ба уҳда дошт.

Дар ниҳоят, аз инсон на танҳо он чизе боқӣ мемонад, ки навиштааст ё ба даст овардааст, балки дар зиндагии дигарон чӣ гуна осор гузоштааст. Агар дар зеҳни шогирде шавқи дониш бедор шавад, агар ҷавоне роҳи илмро интихоб кунад, агар андешае ба ҷои бетафовутӣ инсонро ба ҷустуҷӯ водор созад, пас меҳнати омӯзгор самари худро додааст. Ёд дорам ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард, ки устод дар рӯзҳое, ки бароям хеле сангин буд, ба вазъи саломатиашон нигоҳ накарда, барои тасаллии дили ман дар барам рост истода, насиҳат мекарданд. Дар як сол ман ҳам падар ва ҳам модарамро аз даст додам ва дар ин мусибатҳои сангин тасаллибахши дили ғамзадаву ғамдидаи ман устоди гиромӣ Маҳмадулло Ибодов буданд. Шояд маънои умри пурбор низ ҳамин: дар роҳи худ рафтан ва дар роҳи дигарон чароғе фурӯзон гузоштан, бошад.

Дар ин лаҳзаҳои хотирмон устоди иззатманд Маҳмадулло Ибодовро ба муносибати рӯзи зодрӯзашон самимона шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори обод ва идомаи пурбаракати умр орзу мекунам. Бигзор солҳои пешомад низ бо оромии дил, самимияти шогирдон ва эҳсоси қаноат аз роҳи тайшуда ҳамроҳ бошанд.

Зеро роҳи илму маърифат бо гузашти солҳо ба поён намерасад. Он дар андешаҳои нав, дар ҷустуҷӯҳои тоза ва дар қалби наслҳое, ки ба дониш рӯ меоранд, идома меёбад.

Ҳасанов Маҳмадсаид Маҳмадисуфович — номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment