Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАРЧАМАТ  ТО  АБАД  ПАРАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОН!

ПАРЧАМАТ  ТО  АБАД  ПАРАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОН!

by admin
278 views

Парчами давлатӣ яке аз рукнҳои муқаддасоти миллист. Дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами миллӣ ҳамасола 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Парчам –эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати кӯҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд, яъне ин эҳтиром ба рӯҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост .

Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бо нангу номусро ҳамеша ва дар ҳама ҷо ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии кишвар ҳидоят намояд.

Чанд сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Парчами миллиро, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо муқаррар шудааст, дар фазои сулҳу суботи комил, Ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ормонҳои чандинасраи халқамон таҷлил мекунанд. Парчами давлати Тоҷикистон чун диравши ковиёнӣ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст. Дар рӯбарӯи парчами давлати Тоҷикистон аз сарбози оддӣ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад. Дар пешгоҳи бинои Созмони Миллали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагони кишварамон дар давлатҳои дигар Парчами мо парафшонӣ мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳар кишваре сафар кунад ва мулоқотҳо анҷом диҳад ё варзишгарони тоҷик чун дар мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ парчами кишварамон  низ афрохта мешавад.

Ба ин маънӣ, расидан ба қадри Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.

Ҳангома ҚОСИМЗОДА, донишҷӯи соли 3-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment