Home ХАБАР ДДК — ТАҲТИ ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ

ДДК — ТАҲТИ ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ

by admin
31 views

Имрӯз, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ роҳпаймоии осоишта баргузор гардид. Ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ- омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ дар ин чорабинии идона иштирок намуданд.

Роҳпаймоӣ аз ҳудуди донишгоҳ оғоз гардида, иштирокчиён зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиорҳои «Шараф ба Пешвои миллат», «Муборак бод, ҷашни Истиқлол!» ва «Поянда бод сулҳу ваҳдати миллӣ!» ҳаракат намуданд. Ин роҳпаймоии пуршукӯҳ таҷассумгари муҳаббат ба Ватан, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастоварди бузурги миллат-Истиқлолияти давлатӣ, гардид.

Related Articles

Leave a Comment