Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК БОШАД!

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК БОШАД!

by admin
2 views

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи бокси Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни мардон барои гиромидошти хотираи устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шуравӣ Усмон Ҳалимов баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур Муродов Мубориз — донишҷӯи курси якуми факултети география ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазни 90 кг сазовори ҷойи сеюми мусобиқа гардида, бо диплом ва медали биринҷии мусобиқа сарфароз гардонида шуд.

Раёсати Донишгоҳ Муродов Муборизро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдааш барор мехоҳад.

Related Articles

Leave a Comment