Ватан маконест-саршор аз муҳаббат, сарзамини чашмаҳои муссафо ҳавои софу беғубор ва дар ниҳоят сарнавишту қисмати ҳар як инсон аст. Агар модар моро ба дунёи равшан оварда бошад, пас дар оғӯши Ватан ва меҳру муҳаббати он ба воя расида, барои идомаи зиндагии шоиста ҳаёт ба сар мебарем. Инсон ба ҳар зарраи хоку ҳар қатраи оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад, хушбахт бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, садоқат ба модар аст.
Бо шукргузорӣ аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари маҳбубамон рӯз то рӯз ободу зебо гашта истодааст. Ҳамасола баробари шунидани Паёми созанда ва раҳнамои Роҳбари давлат мардуми кишвар руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри бунёдкорӣ ва созандагӣ камар ҳиммат мебанданд.
Паёми Президенти кишвар ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат маҳсуб ёфта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар ҳама соҳаҳои кишвар нақши калидӣ мегузорад. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи беандоза ба соҳаи илм ва маориф самти афзалиятноки Паём ба ҳисоб рафта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, аз ҷумла амалисозии Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” суханҳои пурмуҳтаво гуфта шудаанд.
Вобаста аз болоравии ҳарорати кураи Замин, иқлими башарият куллан тағйир ёфта истодааст. Обшавии пиряхҳо, паёмадҳои манфиро созгор намуда ва низ боиси нигаронии сайёра гардидааст. Агар пештар об — ҳадяи ройгон ва тамомнашавандаи табиат ба шумор мерафт, ҳоло бошад инсоният аз хусуси сарфи захираҳои оби нӯшокӣ ба таври ҷиддӣ фикр карда истодааст. Якчанд пешниҳоду ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалӣ вобаста ба масъалаҳои обу экология ва тағйирёбии иқлим баланд бардошта шуд. Ҳамзамон, дар ин замина иқдоми пешгирифтаи Президенти ҷумҳурӣ, ҷиҳати омӯзиш ва ҳифзи Пиряхҳо дар кишварамон, табдили Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии Маркази омӯзиши Пиряхҳои Академияи миллии илмҳо ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо саривақти мебошад.
Пешвои муаззами миллат бениҳоят ба маврид, қайд намудаанд, ки руй овардани наврасону ҷавонон ба илму дониш, ягона роҳи наҷоти онҳо аз ифротгароӣ ва бегонапарастӣ мебошад. Ҷомеаи имрӯза тақозо менамояд, ки ҷавонон, насли наврас ба технологияи нав, забономӯзӣ ва зеҳни сунъӣ машғул шаванд. Дар баробари мактаб ва донишгоҳ, падару модар низ ба таври бояду шояд, баҳри омӯзиши фарзандон ҷиддӣ бошанд. Фарзандонро аз мадди назари худ дур насозанд. Бо муассисаҳои таълимие, ки фарзандонашон таълиму тарбия гирифта истодаанд, робитаи зич дошта бошанд.
Файзализода Зулқадамоҳ Файзалӣ, омӯзгори факултети химия ва биологияи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
