Home ХАБАР ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

by admin
19 views

Бо ташаббуси факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар хобгоҳи донишҷӯён ҳамоиши тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ устодон ва донишҷӯён дар бораи мақоми Парчам ҳамчун рамзи Истиқлолият, ваҳдат ва давлатдорӣ сухан ронда, нақши он дар тарбияи худшиносиву ватандӯстии ҷавононро таъкид намуданд.

Гурӯҳи донишҷӯён бо қироати порчаҳои шеърӣ дар васфи Парчам ва Ватан баромад карданд, ки ба ҳамоиш фазои идонаву ватанпарастона бахшид.

Related Articles

Leave a Comment