Имрӯз, 19 августи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳими омодагӣ ба соли нави таҳсили 2026-2027 ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати донишгоҳ баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзои Раёсат ва мудирони кафедраҳо баргузор шуда, дар он масъалаҳои марбут ба омодагии ҳамаҷонибаи донишгоҳ ба соли нави таҳсил, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвияти фаъолияти илмӣ, беҳтар намудани корҳои ташкилӣ ва таъмини иҷрои саривақтии вазифаҳои дарпешистода мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар оғози ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа суханронӣ намуда, таъкид кард, ки омодагии ҳамаҷониба ва босифат ба соли нави таҳсил яке аз вазифаҳои муҳимтарини сохторҳои донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Ба таъкиди роҳбари донишгоҳ, оғози муназзами соли нави таҳсил аз масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва фаъолияти дастаҷамъонаи ҳар як сохтору корманд вобастагии мустақим дошта, зарур аст, ки ҳамаи корҳои омодагӣ бо риояи муҳлат ва дар сатҳи баланди ташкилӣ ба анҷом расонида шаванд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаи омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Таъкид шуд, ки ин санаи муҳими таърихӣ бояд бо баргузории чорабиниҳои пурмуҳтаво, созанда ва дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ таҷлил гардида, дар ин замина нақши донишгоҳ дар таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлол боз ҳам тақвият дода шавад.
Дар идомаи ҷаласа муовинони соҳавии ректори донишгоҳ оид ба самтҳои фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намуда, вазъи омодагӣ ба соли нави таҳсил, корҳои то имрӯз анҷомдодашуда ва тадбирҳои дар пешистодаро мавриди таҳлил қарор доданд.
Зимни гузоришҳо масъалаҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла омодагии раванди таълиму тадрис, таҳияи барномаҳо ва маводи таълимӣ, омодагии кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ, тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию маънавӣ, инчунин омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Дар ҷараёни муҳокима роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, таҳкими интизоми меҳнатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва самаранокии фаъолияти донишгоҳ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар фарҷоми ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати пурра ва босифат ба анҷом расонидани корҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил, бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, таъмини сатҳу сифати раванди таълиму тадрис, омода намудани барнома ва маводи таълимӣ, тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявию маънавӣ, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки омодагии саривақтӣ, масъулиятшиносӣ ва назорати пайвастаи иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта омили муҳими оғози муназзами соли нави таҳсил ва таъмини фаъолияти самараноки донишгоҳ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як сохтор ва корманди донишгоҳ вазифадор аст, ки дар доираи масъулияти худ барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида бо ҳисси баланди масъулият ва ташаббускорӣ фаъолият намояд.
Ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати донишгоҳ бо муайян намудани вазифаҳои мушаххас ва роҳҳои минбаъдаи фаъолияти сохторҳои донишгоҳ ба анҷом расид.
