Home ХАБАР ФАТҲИ ҚУЛЛАИ ҶАҲОНӢ АЗ ҶОНИБИ ДОНИШҶӮИ ДДК

ФАТҲИ ҚУЛЛАИ ҶАҲОНӢ АЗ ҶОНИБИ ДОНИШҶӮИ ДДК

by admin
2 views

Соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушд намуда, намудҳои миллии варзиш ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шудаанд.

Дар ҳамин замина, рӯзҳои охир дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида истодааст. Дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуда, рушди варзиш ва дастгирии варзишгаронро аз самтҳои муҳими сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Муҳаммад Салимов, донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар вазни то 65 кг баромади шоиста нишон дода, бо маҳорати баланди касбӣ тамоми рақибони худро мағлуб намуд.

Муҳаммад Салимов дар натиҷаи рақобатҳои пуршиддат соҳиби медали тилло ва унвони Қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ гардид. Ин дастоварди арзишманд на танҳо барои худи варзишгар, балки барои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва кулли аҳли маорифу варзиши кишвар мояи ифтихор мебошад.

Натиҷаҳои рақобат дар вазни то 65 кг:

 Ҷойи якум: Муҳаммад Салимов – Тоҷикистон

Ҷойи дуюм: Султон Плиев – Россия

 Ҷойи сеюм: Ёсин Бобокалонов – Тоҷикистон

 Ҷойи сеюм: Наҷмӣ Раҳимуллоҳ – Афғонистон

Лаҳзаи хотирмон ва ифтихорбахши мусобиқа супоридани медалҳои ҷоизадорони вазни то 65 кг аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ буд.

Қаҳрамони ҷаҳон гардидани Муҳаммад Салимов ва дар арсаи байналмилалӣ парчамбардорӣ намудани ӯ барои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастоварди муҳим ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин муваффақият далели маҳорати баланди варзишгар, заҳмати пайвастаи ӯ, фаъолияти самараноки мураббиён ва устодон, инчунин фароҳам будани шароити мусоиди таълиму тамрин дар донишгоҳ мебошад.

Дастоварди мазкур ҳамзамон шаҳодати он аст, ки бо фароҳам овардани шароити муносиб ва дастгирии пайвастаи ҷавонону варзишгарон метавон истеъдодҳои навро кашф намуда, парчами Тоҷикистони азизро дар арсаҳои бузурги байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардошт.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Салимов – варзишгари ҷавон, донишҷӯи фаъол ва ифтихори донишгоҳ, инчунин ҳайати устодону кормандонро ба муносибати ин дастоварди арзишманд самимона табрику шодбош гуфта, ба онҳо дар мусобиқаҳои минбаъда пирӯзиҳои нав, парвозҳои баланди варзишӣ ва комёбиҳои беназир орзу менамояд.

Парчами Тоҷикистон дар қуллаҳои ҷаҳонии варзиш боз ҳам баланду парафшон бод!

Related Articles

Leave a Comment