Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

by admin
2 views

Дар кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар мудири кафедра, дотсент Давлатов АБдулмаҷид дар мавзуи “Муаммоҳои имло ва роҳҳои ҳалли он”, докторантони кафедра Юнусова Ҳалима дар мавзуи “Имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ” ва Каримова Дилноза дар мавзуи “Вожаҳои якмаъно ва сермаъно дар забони ғазал” баромад намуд. Маърузакунандагон масъалаҳои муҳимми имло, меъёрҳои забони адабӣ ва вижагиҳои маъноии вожаҳо дар осори бадеиро мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор доданд.

Related Articles

Leave a Comment