Home ХАБАР СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

by admin
264 views

Дар кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид.

Дар семинар номзади илмҳои филологӣ дотсент Зулфиев Гадомад дар мавзуи “Мазмун ва муҳтавои романи “Гардиши Девбод”-и Абдулҳамид Самад” маърӯза  намуд.

Сипас, аз ҷониби мудири кафедра, дотсент Шамшоди Ҷамшед машварати назариявӣ оид ба тарзи дурусти навиштани рисолаҳои хатм ва магистрӣ гузаронида шуд.

Семинар бо мубодилаи озоди андешаҳо, баён гардидани пешниҳодҳои судманд ва баҳсу баррасиҳои созанда миёни иштирокдорон ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment