Home ХАБАР ДАРСИ КУШОД: ВИДЫ ПИСЬМЕННЫХ РАБОТ. ОБУЧЕНИЕ ИЗЛОЖЕНИЮ

ДАРСИ КУШОД: ВИДЫ ПИСЬМЕННЫХ РАБОТ. ОБУЧЕНИЕ ИЗЛОЖЕНИЮ

by admin
14 views

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор намудани дарсҳои кушоду намунавӣ аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва устодони донишгоҳ ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, имрӯз (29 октябри соли 2025) дар факултети филологияи рус аз ҷониби Ғуломова Садбарг-дотсент, мудиири кафедраи адабиёти хориҷӣ МТЗАР дарси кушод дар мавзуи «Виды письменных работ. Обучение изложению» дар гурӯҳҳои таълимии 301-302-и ихтисоси забон ва адабиёт рус доир гардид.

Ғуломова Садбарг дар оғози машғулият ба ҳадаф ва вазифаҳои асосии дарс ишора намуда, моҳияти мавзуъро бо мисолҳои равшан ва таҳлили илмӣ шарҳ дод. Қайд намуд, ки корҳои хаттӣ яке аз воситаҳои асосии омӯзиши забон, рушди нутқ ва тафаккури шогирдон мебошанд. Онҳо ба омӯзгор имконият медиҳанд, то сатҳи дониши донишҷӯёнро муайян карда, малакаҳои ифодаи фикрро бо забони хаттӣ инкишоф диҳанд.

Дар қисми ҷамъбастии дарс миёни донишҷӯён ва омӯзгор мубодилаи афкор ва баҳсҳои судманд баргузор гардид.

Related Articles

Leave a Comment