Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ ДУ ҶОЙИ НАМОЁН АЗ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ДУ ҶОЙИ НАМОЁН АЗ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

by admin
12 views

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-ум то 22-юми октябри соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс байни калонсолон (писарон ва духтарон) баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Холиқов Хусрав донишҷӯи курси якум ва Раҳмонов Аҳмад донишҷӯи курси сеюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии донишгоҳ дар ин чемпионат сазовори ҷойҳои сеюм гардида, медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Раёсати Донишгоҳ донишҷӯёнро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.

Related Articles

Leave a Comment