Home ХАБАР ИҚДОМИ ШОИСТАИ СОБИҚ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

ИҚДОМИ ШОИСТАИ СОБИҚ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

by admin
11 views

Дар ҳошияи истиқболи ҷашни 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби собиқ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои филология, профессор Солеҳов Нуралӣ Назарович иқдоми шоиставу арзандаи илмӣ-фарҳангӣ амалӣ гардид. Мебояд ёдовар шуд, ки устод  дар замони ректории худ ба ин муассисаи олӣ (солҳои 2010-2012) нақши боризе дар таҳкими пояҳои таълимиву фарҳангии донишгоҳ гузошта буд ва имрӯз низ бо амалҳои неки худ пайваста саҳмгузори рушди маърифат дар ҷомеа боқӣ мемонад.

Бо ташаббуси шахсии профессор Солеҳов Нуралӣ Назарович ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 345 адад китобҳои арзишманди илмӣ, соҳавӣ, сиёсӣ, бадеӣ ва адабиёти бачагона, аз ҷумла осори адибони маъруфи рус ва дигар кишварҳои ҷаҳон, тӯҳфа гардид. Ин иқдом тавассути декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Зулфиев Гадомад амалӣ шуда, китобҳо ба хазинаи илмии донишгоҳ супорида шуданд.

Ин китобҳо, ки дар баробари арзиши илмиву таълимӣ ҳамчунин дорои аҳамияти тарбиявӣ ва фарҳангӣ мебошанд, аз ҷониби китобхонаи донишгоҳ ба гурӯҳҳои зерин тақсим ва мавриди истифодаи хонандагон қарор дода шуданд:

  1. Асарҳои доир ба Пешвои миллат-10 адад;
  2. Энсиклопедияи бузурги советӣ (ҷилдҳои 1-30)- 30 адад;
  3. Всемирная история (ҷилдҳои 1-7, 9, 11)- 9 адад;
  4. Адабиёти илмӣ — 26 адад;
  5. Адабиёти ҷаҳон — 204 адад;
  6. Адабиёти бачагона — 56 адад;
  7. Адабиёти бадеии рус — 15 адад;
  8. Адабиёти бадеӣ бо забони тоҷикӣ — 2 адад;
  9. Китобҳо оид ба санъати тасвирӣ ва ороишӣ — 2 адад.

Бидуни шак, ин туҳфаи пурмуҳтаво на танҳо ҳамчун армуғон ба ҷашни 80-солагии донишгоҳ, балки ҳамчун саҳми арзанда дар боло бурдани сатҳи маърифат, рушди тафаккури илмӣ ва худшиносӣ миёни донишҷӯён ва устодон арзёбӣ мегардад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз иқдоми арзишманди собиқ ректори донишгоҳ, профессор Солеҳов Нуралӣ Назарович, ҷиҳати тақдими 345 адад китоби илмӣ, бадеӣ, сиёсӣ ва кӯдакона ба китобхонаи донишгоҳ дар ҳошияи ҷашни 80-солагии муассиса, самимона изҳори сипос менамояд. Ин амали фарҳангпарварона ҳамчун саҳми назаррас дар густариши маърифат, ғанигардонии фонди китобхонаи донишгоҳ ва рушди завқи китобхонии насли ҷавон шоистаи таҳсину қадршиносӣ мебошад.

Related Articles

Leave a Comment