Home ХАБАР

by admin
16 views

Санаи 16-уми октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами забоншиносии муқоисавӣ, тарҷумашиносӣ ва муоширати байнифарҳангӣ дар замони муосир» дар доираи амали намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бахшида ба истиқболи ҷашни 80-солагии муассиса баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарияти донишгоҳ, ходимони илмӣ, олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.

Кори конфронс бо иҷрои зиндаи Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён ва аҳли толор оғоз гардид.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ректори донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ироаи сухани ифтитоҳӣ намуда, зимни он ҳайати олимону донишмандони муътабарро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро боиси хушнудии коллективи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шукӯҳи конфронси байналмилалӣ арзёбӣ намуд. Зимнан таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро ҷараёни ҷаҳонишавӣ таъсири амиқи худро дар ин самт гузошта, марҳила ба марҳила аз шаҳрвандони кишвар донистани забонҳои хориҷиро тақозо менамояд.

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар самти амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нақша-чорабиниҳо амал намуда, бандҳои он вобаста ба марҳилаҳои татбиқ амалӣ карда мешаванд. Дар заминаи факултетҳои филологияи рус ва филологияи хориҷӣ 3 синфхонаи лингофонӣ ва кабинетҳои фаннӣ фаъолият дошта, машғулиятҳои омӯзгорон бо баҳрабардорӣ аз дастгоҳҳои муосири технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ сурат мегиранд. Бобати ба омӯзиш фаро гирифтани донишҷӯён ва хоҳишмандон барои забономӯзӣ дар назди донишгоҳ Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» ва маркази «Фазои русӣ» таъсис дода шудааст, ки дар онҳо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса, ҳамчунин завқмандон ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар марказҳои номбурда забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва хитоӣ тадрис мешаванд.

Сипас, Негматов Саъдуллоҷон-доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм доир ба мавзуи “Бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангӣ дар Тоҷикистон: бозёфт, мушкилот ва дурнамо”, Шербой Саидбой-профессор, узви Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм дар мавзуи “Ҳифзи забон ҳифзи ватан мебошад”, Турсунов Фаёзҷон-профессори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи “Untranslatability and idioms/proverbs (case stude Tajik-Persian, Russian and English)”, Саидзода Ҳалим-профессор, мудири кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба мавзуи “Grammatical difficulties of political and diplomatic translation in English and Tajik language” ва Кеди Дункан-омӯзгор аз Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, ки тариқи шартнома айни замон дар Донишгоҳ таълим медиҳад дар мавзуи “A look at the American education system” баромад намуданд.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон пайваста қайд менамоянд, ки сиёсати забонии Ҳукумат дар баробари забони тоҷикӣ ба фаъолияти озодонаи забонҳои дигар мусоидат менамояд ва имкон медиҳад, ки забонҳои дигар ҳам мавриди омӯзиш қарор бигиранд.

Интишори фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 апрели соли 2003 «Дар хусуси такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сиёсати забонии давлатро муайян менамояд.

Барномаи таҳияшуда муҳимтарин ҷиҳатҳои такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар марҳилаи кунунии инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ фаро гирифта, ҳадаф, вазифа ва маҷрои амалигардонии онро дар ҷараёни таълим, кафолатҳои давлатию иҷтимоии омӯзандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ ва дигар самтҳои соҳаи маориф, таъминоти тахассусӣ, илмӣ, моддӣ-техникӣ ва молиявии Барнома, ҳамкориҳои байналмилалиро муайян менамояд.

Тибқи маълумоти Камолзода Шодмон-дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, кори конфронс дар нимаи дуюми рӯз бо баррасии 75 мақолаи олимону донишмандон ва устодону кормандон дар се бахш ҷараён гирифт, иштирокчиён маърӯзаҳои худро пешниҳод ва масоили марбут ба забоншиносии муқоисавӣ, тарҷумашиносӣ ва муоширати байнифарҳангӣ дар замони муосир баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки маҷмуаи маводи конфронс, ки бар асоси маърӯзаҳои илмии иштирокдорон омода шудааст, ҳамчун як манбаи арзишманди таҳқиқотӣ барои донишҷӯён, устодон ва муҳаққиқони соҳа хизмат хоҳад кард.

Related Articles

Leave a Comment