Мирализода Абдусалом Мустафо, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2020-2022)
Гардишҳои таърих бо гирудорҳои худ коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро, ки 80 сол қабл аз ин (1945), дар баробари ғалаба бар фашизми Германия ва ибтидои азнавбарқароркунии хоҷагии халқи Иттиҳоди Шуравӣ, бо номи Институти давлатии дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб ва тибқи қарори Вазорати маданияти СССР аз 15 августи соли 1945, №1373 дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб, ки қаблан номҳои курси педагогӣ (1931-1934), техникуми педагогӣ (1934-1935), комбинати педагогӣ (1935-1938)-ро доштааст, таъсис ёфта, бо Қарори Вазорати маорифи СССР аз моҳи августи соли 1945 аз Донишкадаи муаллимтайёркунии дусола ба Донишкадаи давлатии омӯзгории чаҳорсола табдил дода шуд, ҳамакнун, ба 80-умин баҳори таъсиси он расонид.
Зимнан бояд гуфт, ки дастпарварони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то имрӯз дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои олии кишвар кору фаъолият доранд ва бо донишу касбияти хоссаи худ дар пешбурди низоми давлатдорӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи истеҳсолии кишвар саҳим мебошанд.
Дар марҳилаи нави рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — баъди барқарор гардидани ҳукумати конститутсионӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, аниқтараш аз соли 1992 таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар, махсусан, Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф бештар гардид. Дар он лаҳзаҳои хатарбор ва барои миллат ниҳоят муҳим нахустин вохӯрии Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 12.10.1994 дар арафаи маъракаи райъдиҳии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коллективи донишгоҳ ба ҳайси арзандатарин номзад ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, коллективи муассиса ва мардуми шарафманди Кӯлоб худро ҳомӣ ва пуштибони сиёсати пешгирифтаи ин шахсияти наҷиб донистанд.
Коллективи сарҷамъи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба хиради азалии Пешвои муаззами миллат эътимоди комил дошта, сиёсати хирадмандонаи дохилию хориҷии ин абармарди дунёи сиёсат ва Пешвои асри XXI-ро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Коллективи донишгоҳ аз замони ташкили ҳукумати конститутсонӣ, новобаста ба шароити сангин ва ноустувори сиёсӣ, дар паҳлуи ин марди наҷиб заҳмату ҷонбозиҳо намуда, сулҳу суботи кишвари азизамон — Тоҷикистони биҳиштмаъворо чун гавҳараки чашм ҳифз намуданд. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат дар суханрониашон зимни вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб моҳи сентябри соли 2019 чунин таъкид намуданд: «Таърих гувоҳ аст ва ман ҳеҷ гоҳ хизмати қаҳрамононаи мардуми шаҳри Кӯлобро зимни барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ, раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик аз парокандагӣ, ҳифз кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз нестӣ фаромӯш намекунам. Дар ҳамаи лаҳзаҳои вазнини таърихӣ хурду бузурги шаҳри бостонии Кӯлоб дар паҳлуи Роҳбари давлат буданд ва давлати соҳибистиқлоли худро ҳимоя намуданд…».
Дар рушду нумӯи донишгоҳ шахсиятҳои таърихӣ, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ, олимону донишмандони маъруф, ҳунармандону адибон ва журналистони варзида саҳми бориз гузошта, симои ҳақиқии донишгоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар беҳтарин шакл муаррифӣ намудаанд. Дар ин росто, метавон исми академик С.К.Каримов, узви вобастаи АИ ҶТ Маъруф Раҷабӣ, докторони илм, профессорон А.Раҳимов, И.Арабов, Каримҷон Қодиров, Қ.Б. Қодиров, Рустам Назаров, Муҳаммад Абдураҳмон, Р.Акбаров, Абдулло Ҳабибулло, Ҷумъа Шарифов, А.Паҳлавонов, Р. Саидов, И. Икромов, С. Сабзаев, Т. Шукуров, М.Х.Абдуллоев, А. Нозимов, Махфират Хидирзода, Н.Н. Солеҳов, Р. Салимов, Н. Назаров, А.Қурбонов, А.Кӯчаров, А. Ҳалимов, Г.Ҳоҷиматова, шоирону нависандагони машҳури кишвар Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Саид Раҳмон, Сафар Амирхон, Карим Давлат, Хосият Вализода, ҳунарманди мардумӣ Одина Ҳошим, ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Бобоҷон Азизов, Адолат Комилова, Ҷумъахон Сафаров ва Одилҷон Умурзоқов, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ — хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат Нусратулло Абдулҳақов, Султон Мирзошоев, Лақай Қармишев, Исмоил Қурбонов, генералҳо Абдураҳмон Азимов, Саймумин Ятимов, Нуралӣ Назаров, Давлат Бобоев, Шариф Салимов, Аҳтамшоҳ Саидшарифов, хизматчиёни давлатӣ Қиматгул Рустамова, Саид Салимов, Исроил Маҳмудов, Ҳабибулло Раҳимов, Латофат Насриддинова, Султон Валиев, ҳамзамон, олимону омӯзгорони соҳибтаҷриба ва кордоне чун профессорон М.О. Ибодов, С.С. Мирзоев, И. Ғуломов, Ҷумъахон Алимӣ, А. Ҳалимов А., М. Иззатова, дотсентон Д.Расулов, К. Иззатуллоев, Ғ.Мирзоев, Н. Расулов, М. Набиев, А.Алиев, С.Абдулвоҳидов, Г.Иброҳимов, Д.Сайдалиев, Қ.Сангов, Э. Пирназаров, Ш.З. Худойдодова, Н.Ашӯрова, З.Холиқова, Ф.Гулмадов, М. Абдураҳмонова, Саъдӣ Маҳдиев, К. Маҷидова, Н. Давлатова, С. Раҳимова, Ф. Файзуллоева, З. Самариддинова, Д. Исоева ва амсоли инҳоро, ки умри хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас дар ин боргоҳи илму маърифат намуданд, зикр кард.
Дар муддати 80 сол ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 21 нафар шахсиятҳои шинохта, олимони маъруф ва мутахассисони варзидаи соҳаи илму маориф: Раҳмон Каримов (1945-1948), Бозор Шарифзода (1948-1948), Муҳаммадӣ Исматуллоев (1948-1950), Худойназар Мамадназаров (1951-1953), Ашраф Сиддиқов (1953-1953), Ҳамид Қосимович Хоҷаев (1953-1957), Назришо Латипов (1957-1960), Ниёз Сафаров (1960-1962), Тоҳир Умаров (1962-1971), Абдулло Раҳимов (1971-1972), Иқбол Давлатович Хушвахтов (1973-1980), Тағай Раҳмонов (1980-1990), Маҳмуд Ҳакимович Маликов (1990-1993), Самариддин Каримович Каримов (1993-2004), Хурсанд Саидович Аъзамов (2004-2008), Каримҷон Қодиров (2008-2010), Нуралӣ Назарович Солеҳов (2010-2012), Табарӣ Абдулло Ҳабибулло (2012-2020), Мирализода Абдусалом Мустафо (2020-2022), Раҳмон Дилшод Сафарбек (2022-2025) аз 28 майи соли 2025 то ҳол Сафарзода Мунир Ватан роҳбарӣ намуда, ҳар кадоми онҳо дар ташаккул ва ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, дарёфт ва ҷобаҷогузории устодону омӯзгорони соҳибмаълумот, гирд овардани китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона, беҳдошт ва сифати таълиму тарбия, давомоти донишҷӯён ва интизоми меҳнат, ба таҳсил фаро гирифтани насли ҷавону наврас, ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорону донишҷӯён, сохтмони биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо барои омӯзгорону донишҷӯён, таъсиси сохторҳо, ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон, кафедраву факултетҳои нав, ба донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷи кишвар фиристодани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос, коромӯзӣ, аспирантура ва докторантура, афзун гардонидани сафи донишҷӯён, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ҳифзи молу амволи донишгоҳ дар давраи мушкилоти сиёсӣ ва нооромиҳои кишвар саҳми боризу назаррас доранд.
Барои банда низ боиси шараф ва ифтихори бузург аст, ки бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Пешвои маҳбуби миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ду сол бештар роҳбарии ин боргоҳи муқаддасро ба зимма доштам ва бо коллективи ин боргоҳи илму маърифат, ки дар садоқат беҳамто ва дар иттифоқӣ беназиранд, бо сарфи ҳама неруву тавоноӣ хидматгузорӣ кардем. Тамоми ҳастиву тавон ва таҷрибаи худро баҳри пешрафти ин боргоҳи бароям азиз равона кардам. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар саҳифаи зиндагии банда нақши созгору ҷойгоҳи вижжа дорад. Дар ин боргоҳи илму маърифат аз садоқату самимияти коллективи он, ки дар ҳама вазъият дар паҳлуям буданд, неру мегирифтам ва ин боис гардид, ки дар иҷрои рисолати худ натиҷаҳои назаррас ба даст овардем. Аз сарнавишити худ, ки маро ба симати роҳбари ин корзори илму маърифат, минбари рушду ташаккули шахсиятҳои фарҳехтаву муваффақ — Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ кашонид, самимона сипосгузорам ва то кунун хидмат ба ин даргоҳ ва коллективи азизи онро вазифаи инсонию виҷдонии худ медонам.
Каминаи кам дар муддати фаъолияти кориам бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Возорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ҳамбастагии коллективи азизи Донишгоҳ, ки шабу рӯз дар паҳлуям буданд, дар ин даргаҳи муқаддас дар ҳалли як зумра масъалаҳои муҳим ва мақоми асосиву аввалавиятдошта саҳм гузоштем.
Бо заҳматҳои пайваставу дастгирии ҳамешагии коллективона ҷиҳати таъмини шароити хуби кору фаъолият ва ташкили фазои мусоиди таълиму тадрис корҳои зиёди ободиву бунёдкорӣ, тақвият бахшидани базаи моддӣ — техникӣ ва ташаккули заминаи илмии факултетҳо ташкили лабораторияҳои замонавӣ (дар факултети химия-биология ва география ва физика-математика, ҷиҳозонидани 14 лабаратория бо лавозимоти муосири техникӣ, бетонпуш кардани роҳравҳои донишгоҳ, сифатан беҳтар таъмир ва рангу бор намудани биноҳои таълимӣ, ташкили механизми босифат ва сари вақту бетаъхир пардохт намудани музди маоши омӯзгорону кормандон, таъмини шароити беҳтари таълим (харидории мизу курсиҳои нав, аз таъмири пурра баровардани факултетҳо, таъмири намои берунии биноҳои таълимӣ ва ғ.), таъмини муассиса бо оби доимии ошомиданӣ (бо кандани чоҳи амудӣ), таъмини шароити мусоиди будубош дар хобгоҳ (кашидани хати об, ташкили ҳоҷатхона ва ҳамом, пайваст намудани он ба шабакаи гармидиҳӣ), таъмини зиндагии шоиста ба омӯзгор бо роҳандозии боло бурдани музди маош (дар ду марҳила бори аввал 10%, бори дуюм дуюм 15%), ташкили синфхонаҳои бисёрсоҳаи компютерӣ (маркази имтиҳонотии тестӣ, синфхонаи соҳавӣ) дар назди ҳар як факултет, ташкили маркази имтиҳонотии тестӣ барои донишҷӯёни таълими фосилавӣ, таъсиси шурои диссертатсионӣ ва маҷаллаи тақризшаванда, созмон додани шабакаи ягонаи электронии таълимӣ бо харидории сервери пуриқтидор, аз таъмири капиталӣ баровардани истироҳатгоҳи «Истиқлоли»-и н. Муъминобод ва амсоли инҳо рӯйи кор омаданд.
Дар ин муддат ҳамкориҳои донишгоҳ дар баробари муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо беш аз 100 муассиаҳои таълимии хориҷи кишвар ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷи дуру наздик — Федератсияи Россия, Белорусия, Украина, Молдова, Озорбойҷон, Эстония, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, ИМА, Олмон, Англия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Италия ва ғайра тақвият дода шуд.
Болотар иброз намудем, ки аз ибтидо коллективи донишгоҳ ҷонибдори сиёсати Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар буд ва дар оянда низ аз он ҷонибдорӣ хоҳад кард. Вобаста ба ин, ҷиҳати пешбурди ободкориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллективи донишгоҳ дар ҳудуди шаҳр Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Сайдалӣ Вализодаро бунёд намуда, чунин иқдомҳои созандаву ободкориро пайваста амалӣ хоҳад кард.
Дар фарҷом, 80-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба коллективи азизи он, олимону донишмандон, мардуми шарафманди Кӯлоби бостонӣ, аҳли маориф ва илми кишвар, хосса дӯстдорони илму адабу маърифат, ки барои банда боиси шодии афзун ва ифтихори бузург аст, ки дар ғаму шодии эшон ширкат кардаму ҳанӯз ҳам бо онҳо бастагӣ дорам, самимона таҳният намуда, умед бар он дорам, ки дар оянда ин боргоҳи илму маърифат гомҳои устувор дар роҳи рушд ва устуворӣ мебардорад.