
Ҷашни Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст, рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ ва бозгашт ба асолати таърихӣ мебошад. Бо ҳамин рӯҳия, раёсати донишгоҳ амали некеро дар самти кумак ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла кормандони ниёзманди муассиса, беморони Маркази вилоятии равонпизишкии шаҳри Кӯлоб ва Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии ноҳияи Восеъ” ба иҷро расонданд.
Дар доираи ин иқдом, ба кормандони донишгоҳ ва муассисаҳои зикршуда кумакҳои моддӣ, аз ҷумла маводи хӯрока: орд, равған, биринҷ, картошка, пиёз, шириниҳо, тарбузу харбуза расонида шуд.
Мақсади аз амалигардонии иқдом ташвиқи фарҳанги инсондӯстӣ ва кумакрасонӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонгароӣ ва тақвияти масъулияти иҷтимоӣ дар назар дошта мешавад.

Ба иттилои масъулини маркази равонпизишкии шаҳри Кӯлоб, айни ҳол дар ин муассиса 44 нафар бемор, аз ҷумла 11 зан, таҳти табобату парасторӣ қарор доранд. Дар “Хона-интернати беморони руҳии ноҳияи Восеъ” бошад, 215 нафар бемор ба табобат фаро гирифта шудаанд. Лозим ба таъкид аст, ки аз ҷониби давлат барои онҳо шароити зарурии зиндагиву муолиҷа фароҳам оварда шудааст.
Ин иқдоми хайрхоҳона бо истиқболи гарму самимии кормандони муассисаҳо ва роҳбарияти онҳо рӯ ба рӯ гардид. Онҳо миннатдории хешро ба Роҳбарияти олии кишвар ва донишгоҳ ҷиҳати дастгирии пайваста ва ғамхории башардӯстона иброз намуданд.
Ташкили чунин иқдомҳои хайриявӣ ба муносибати санаҳои муҳими миллӣ ва байналмилалӣ аллакай ба анъанаи нек дар фаъолияти донишгоҳ табдил ёфтааст. Бо дарназардошти аҳамияти баланди иҷтимоии чунин ташаббусҳо, Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ амалҳои монандро дар дигар муассисаҳо идома диҳад.