Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДУНЁИ СИЁСАТ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДУНЁИ СИЁСАТ”

by admin
109 views
Имрӯз дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи сиёсатшиносӣ маҳфили навбатии “Дунёи Сиёсат” баргузор гардид.
Дар маҳфил Зарипов Ҳабибуллоҳ роҳбари маҳфили мазкур, Бобоев Дилшод, ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ, Кучаров Аламхон, ассистенти кафедраи мазкур, Сафаров Ҳалимшоҳ, ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил ассистенти кафедра Зарипов Ҳабибуллоҳ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, Муродов Муҳамадҷон, донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Демократия ва принсипҳои асосии он”, Муродова Комила, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Навъҳои таҳдид ва шаклҳои гуногуни зоҳиршавии онҳо” ва Шерова Мадина, донишҷӯи курси якум дар мавзуи “Мақоми дин ва дунявият” суханронӣ намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment