Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

by admin
12 views
Санаи 25 июни соли 2025 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи менеҷмент ва маркетинг Ҷурахони Исмоил дар мавзуи “Такмили идоракунии механизми рушди устувори иҷтимоии минтақа (дар мисоли вилояти Хатлон)”, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сафаров Аъзам барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050700-Менеҷмент баргузор гардид.
Дар муҳокима Расулова Лутфия – дотсент, декани факултети иқтисод ва идора, Содиқзода Зафар — номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, Сафаров Аъзам-дотсент, роҳбари илмии докторант, Комилов Низомeддин-дотсент, Абдулов Дилшод, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Комилов Низомиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз ва Абдулов Дилшод, номзади илмҳои иқтисодӣ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Ҷурахони Исмоил бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраҳои баъдӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment