Home ХАБАР ФАРҲАНГИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ЗАМИНАИ ЭҲЁИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА БАҚОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ФАРҲАНГИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ЗАМИНАИ ЭҲЁИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА БАҚОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

by admin
9 views
Имрӯз, 21 июни соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Фарҳанги сулҳофарии Пешвои миллат-заминаи эҳёи Ваҳдати миллӣ ва бақои истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.
Кори конфронс бо хондани Суруди миллӣ (ба таври зинда) аз ҷониби иштирокчиён оғоз ёфт, ки рамзи садоқат ба арзишҳои давлатдорӣ ва муҳаббат ба Ватан маҳсуб ёфта, рӯҳияи баланди миллӣ ва ҳувияти ватандӯстиро дар оғоз ба фазои ҳамоиш ворид намуд.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ташрифи олимону донишмандон ва муҳаққиқону меҳмонони гиромиро ба донишгоҳ самимона хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба муносибати тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати таърихӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, самимона табрику шодбош гуфтанд.
Дар зимн таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди бузург ва сарнавиштсоз буда, бадастории он маҳз бо талошҳои фарзонафарзанди миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид. Ин руйдоди муҳим халқи тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, ба сӯи рушди устувор ва зиндагии шоиста раҳнамоӣ намуд. Имрӯз, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвару пешрафта дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта мешавад.
Ҳамзамон, ректор нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлобро дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ муассир арзёбӣ намуда, зикр кард, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ далели равшани иштироки донишгоҳ дар раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди маърифати сиёсиву фарҳангии ҷомеа мебошад.
Дар идомаи конференсия, олимону муҳаққиқони шинохта доир ба паҳлуҳои гуногуни ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа баромад намуданд. Аз ҷумла, Файзов Некрӯз — номзади илмҳои таърих, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзуи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими рушди устувори Тоҷикистон: ҷанбаҳои байналмилалӣ»; Холмуродзода Меҳрафрӯз- доктори фалсафа (PhD), дотсент, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих бо маърӯза дар мавзуи «Аз таърихи марҳилаҳои гуфтушунидҳои тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ» андешаронӣ намуданд.
Дар бахши музокира, дотсент Холиқов Сафар ва муаллими калон Носиров Хол ба сухан баромада доир ба ҷойгоҳ ва нақши ваҳдати миллӣ дар таъмини саодати зиндагии башар ибрози назар намуда, аз ҳозирин ҷиҳати ҳифз ва гиромидошти он даъват ба амал оварданд.
Иштирокчиён зимни баромадҳои худ таъкид доштанд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун падидаи нодири сиёсӣ на танҳо дар таърихи миллат, балки дар миқёси байналмилалӣ арзиши таълимӣ ва тадқиқотӣ дорад.
Изҳори умед карда шуд, ки муҳокимарониҳои илмии олимону донишмандон заминаи мусоид барои таҳия ва татбиқи роҳҳои нави таҳқиқи илмӣ, рушди ҳамкорӣ миёни олимону муассисаҳои таълимӣ ва тақвияти пояҳои давлатдориву Ваҳдати миллӣ гардида, барои татбиқи нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо мададрасон хоҳад буд.
Дар ҷамъбасти қисми ифтитоҳии конфронс Аюбзода Сафар Аюб-дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, таъкид доштанд, ки кори конфронс давоми рӯз бо баррасии 50 мақолаи олимону донишмандон ва устодону кормандон дар ду бахш: “Фарҳанги сулҳ ва нақши он дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ”, “Ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” идома меёбад.

Related Articles

Leave a Comment