Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАКЛГИРИИ МОДЕЛИ МИЛЛИИ СУЛҲ ВА ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАКЛГИРИИ МОДЕЛИ МИЛЛИИ СУЛҲ ВА ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

by admin
35 views
Дар даҳаи дуюми садаи XXI ҷаҳони муосир шоҳиди таҳаввулоти ҷиддӣ ва равандҳои мураккаб дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ гардидааст. Низоми ҷаҳонии бисёрқутба дар ҳолати ташаккул қарор дошта, таҳти таъсири равандҳои глобалӣ, ба монанди ҷаҳонишавӣ, инқилоби иттилоотӣ, ифротгароӣ ва ихтилофоти минтақавӣ ба марҳилаи нав ворид гардидааст.
Таърихи навини Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои сарнавиштсози худро дар давраи пас аз истиқлолият таҷриба кард, ки бо ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 алоқаманд аст. Ин низои мусаллаҳонаи дохилӣ, ки дар пайи халои сиёсию маъмурӣ ва танишҳои идеологӣ ва геополитикӣ ба вуҷуд омад, ҷомеаи тоҷикро ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ кашид. Зери таъсири бевоситаи омилҳои дохилию хориҷӣ, низоъ ба сатҳи фоҷиаи миллӣ табдил ёфт ва таҳдид ба ҳастии давлати навтаъсиси Тоҷикистон гардид.
Дар чунин шароити буҳронӣ, зарурати пайдо шудани раҳнамои миллие, ки тавонад ба марҳилаи нооромии сиёсӣ нуқта гузорад ва ҷомеаро ба сӯи сулҳу субот роҳнамоӣ кунад, беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешуд. Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 дар як марҳилаи бисёр ҳассос ва буҳронӣ сурат гирифт. Дар он замон, Тоҷикистон дар ҳолати фурӯпошии сохторҳои давлатӣ, шикасти низоми сиёсӣ ва шиддати ҷанги дохилӣ қарор дошт. Соҳиб шудан ба мақоми аввалини давлатӣ дар чунин шароит на танҳо масъулияти сангин, балки баёнгари омодагии шахсият барои фидокорӣ ва рисолати таърихӣ дар назди миллат буд.
Ба андешаи таърихшиносон дар симои Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихсоз зоҳир гардид, ки соли 1992 бо иродаи халқ ва масъулияти сиёсӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ сарфи назар аз ҷавонии сиёсӣ ва душвории вазъ, иқдомоти бузург барои манъи хунрезӣ ва эҳёи пояҳои давлатдориро ба роҳ монд.
Бо ташаббуси ӯ музокироти сулҳ байни ҷонибҳои даргир оғоз гардид, ки ба муколамаи миллӣ ва дар ниҳоят ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 анҷомид. Саҳми Пешвои миллат на танҳо дар таҳия ва татбиқи ин созишнома маҳдуд намешавад, балки ӯ ҳамчун кафили амалии он боқӣ монд ва дар ҳар зинаи раванди баъдинизоӣ-аз таъмини амният то бозсозии иқтисодӣ ва таҳкими ҳамгароии иҷтимоӣ-иштироки бевосита дошт.
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбариаш бо рӯҳияи ваҳдатталошӣ ва иродаи устувор талош намуд, ки дар миёни ҷомеаи парешони тоҷик арзиши сулҳ ва ягонагиро эҳё кунад. Ӯ дар суханрониҳои аввалини худ дар назди мардум ва намояндагони сиёсию иҷтимоӣ таъкид мекард, ки танҳо роҳи мусолиҳа, афв ва фаҳмиши мутақобила метавонад кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Ин паёмҳои сиёсӣ на танҳо хислати таблиғотӣ доштанд, балки аз сиёсати амалӣ ва рӯйкарди шахсии ӯ маншаъ мегирифтанд.
Бидуни таҷрибаи сиёсӣ дар сатҳи ҷаҳонӣдар он замон, аммо бо дарки баланди миллӣ ва иродаи шахсӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ба сиёсати музокирот ва шомилсозии неруҳои мухталиф даъват мекард. Ӯ дарк мекард, ки ҷомеаи ҷудошуда танҳо бо роҳи муколама ва эҳтиром ба гуногунандешӣ метавонад дубора мутаҳид шавад. Ин ҷаҳонбинии сиёсӣ ба ташаккули модели миллии таҳаммулпазирӣ ва усули нави давлатдорӣ замина гузошт.
Дар натиҷа, маҳз зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон афкори сиёсии мардуми тоҷик тадриҷан ба сӯи ваҳдати миллӣ, эҳтироми ҳуқуқи дигарон, афви умумӣ ва тарки хушунат тағйир ёфт. Мақоми Пешвои миллат ба унвони рамзи сулҳу субот, ақли сиёсии муосир ва пайвандгари насли ҷангдидаву ҷавон табдил ёфт. Аз ҳамин заминаҳо буд, ки дар ҷомеа таҳаммулпазирӣ, муколамаи сиёсӣ ва фарҳанги бахшиш ҳамчун асосҳои тафаккури сиёсӣ ҷиҳати таҳкими модели сулҳи миллӣ шакл гирифтанд.
Ин раванд на танҳо ба барқарории сулҳ ва суботи устувор дар кишвар асос гузошт, балки модели нави идоракунии миллӣ ва сулҳофариро шакл дод, ки онро метавон «модели тоҷикӣ»-и ваҳдат ва ҳамзистии осоишта номид. Он дар худ омезиши арзишҳои миллии таҳаммулпазирӣ, дипломатияи дохилӣ, шомилсозии гурӯҳҳои мухталиф ва нақши шахсиятро ҳамчун меъёри роҳнамо дар бар мегирад. Аз ин ҷост, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар доираҳои илмӣ ва сиёсии ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи муваффақи сулҳофарии миллӣ шинохта шудааст.
Модели миллии сулҳи тоҷикон ба се унсури асосӣ такя мекунад:
• Тафаккури миллӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ: яъне бар асоси арзишҳои фарҳанги таърихии таҳаммулгароӣ.
• Сиёсати ҳамгароёна ва шомилсозӣ: иштироки тамоми неруҳои сиёсӣ, аз ҷумла мухолифин, дар низоми давлатӣ.
• Фаъолияти мушаххаси Пешвои миллат: таҷрибаи роҳбарии шахсият дар шаклгирии тафаккури ваҳдатсоз ва равандҳои ҷомеасозӣ.
Сулҳи тоҷикон, ки дар натиҷаи ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ва музокироти бисёрзинавии дохилӣ ва байналмилалӣ ба даст омад, имрӯз дар доираи илмҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳамчун яке аз намунаҳои нодири муваффақи сулҳи дохилӣ арзёбӣ мешавад. Мутахассисони соҳаҳои фалсафаи иҷтимоӣ, таърихшиносӣ ва сиёсати муосир ин равандро ҳамчун падидаи махсусе мебинанд, ки тавонист дар фазои нооромии пасошӯравӣ намунаи устувори мусолиҳа ва давлатсозии навро ба ҷаҳони илм пешниҳод намояд.
Ба андешаи пажӯҳишгарони ватанӣ ва хориҷӣ, яке аз сабабҳои асосии муваффақияти ин сулҳ дар муҳити дохилии Тоҷикистон ниҳон аст. Нахуст, фарҳанги таърихии таҳаммулгароӣ ва суннатҳои ҷомеаи тоҷик, ки бар пояи ҳамзистии мазҳабӣ ва этникӣ устувор буданд, барои қабули сулҳ ва бахшиш заминаи мусоид фароҳам карданд. Дувум, хастагии умумии ҷомеа аз хушунат ва орзуи барқарорсозии зиндагии осоишта ҷомеаро ба ҳамкории васеъ бо ниҳодҳои давлатӣ водор сохт.
Аммо, на камтар аз ин, нақши шахсият дар таъмини сулҳи тоҷикон бартарӣ дорад. Бештари таҳлилгарон бар онанд, ки агар Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, бо иродаи мустаҳкам, ҳушмандии сиёсӣ ва сиёсати дарҳои кушода музокиротро роҳбарӣ намекард, созишномаи сулҳ ба ин гуна муваффақият намерасид. Ӯ натанҳо созмондиҳандаи асосии музокироти байнигурӯҳӣ буд, балки худ ҳамчун кафили ахлоқии он амал намуд. Ин ҳолат дар илми сиёсӣ бо мафҳуми шахсиятсозии раванди сулҳ тавсиф мешавад.
Бо ҳамин далел, пажӯҳишгарони маъруф, аз ҷумла Ширин Акинер, Эдмунд Ҳерзиг ва Славомир Ҳорак, сулҳи тоҷиконро ба унвони таҷрибаи таълимии нодир барои кишварҳои рӯ ба буҳрон тавсия додаанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки омехтаи омилҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва шахсиятӣ дар Тоҷикистон ба як «модели миллӣ» табдил ёфтааст, ки дар муқоиса бо механизмҳои беруна ва зӯргузаронӣ, бештар устуворӣ ва қобили қабул барои ҷомеаҳо дорад. Ин таҷриба имрӯз ба унвони «намунаи тоҷикӣ»-и сулҳофарӣ дар таҳқиқоти байнимиллалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ҷаҳонишавӣ, ки хоси замони муосир маҳсуб меёбад, аз як тараф, василаи тақвияти робитаҳо ва ҳамгироии кишварҳо гардида, аз ҷониби дигар, боиси паҳншавии таҳдидҳои фаромиллӣ, шиддат гирифтани нобаробарии ҷаҳонӣ, фишор ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва амиқтар гардидани ихтилофоти миёни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда шудааст. Таҳти таъсири ин раванд, мушкилоти замони муосир хусусияти глобалӣ касб намуда, ба таҳдидҳои нигаронкунандаи ҷомеаи башарӣ мубаддал шудаанд.
Дар чунин шароит, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи таҳкими истиқлолият ва барқарории суботи миллӣ сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро интихоб намуд. Бо ин васила Тоҷикистон худро ба рӯйи ҷаҳони муосир боз намуда, ба арсаи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қадам гузошт. Дар заминаи ин сиёсат, Тоҷикистон ба муаррифии фарҳанги сулҳ, таҳаммул ва ҳамзистии осоишта машғул гардид. Имрӯз, Тоҷикистон на танҳо ҳамчун кишвари ором, балки ҳамчун субъекти фаъол ва ташаббускор дар сиёсати байналмилалӣ шинохта мешавад.
Масъалаи сулҳ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мавқеи марказӣ дошта, бо андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилии солҳои 1990 тавонист бо роҳи мусолиҳа ва муколама ба сулҳи пойдор даст ёбад ва модели муассири созиш ва ҳамдигарфаҳмиро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Эмомалӣ Раҳмон сулҳро на танҳо як раванди сиёсӣ, балки як арзиши ҳаётӣ ва маънавии умумбашарӣ медонад. Сулҳ ҳамчун заминаи суботи устувор, пешрафти иқтисодӣ, таҳкими фарҳанг ва рушди инсонӣ маънидод мешавад. «Сулҳ ҳаёт аст. Сулҳ ният аст. Сулҳ тавъам бо фараҳ, озодӣ ва саодат аст».
Таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон, ки дар натиҷаи иродаи сиёсӣ ва фарҳанги муколама ба даст омад, имрӯз ҳамчун мероси арзишманд ва таҷрибаи муваффақ дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, яке аз дастовардҳои муҳим — ташаббуси Пешвои миллат оид ба эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад, ки 24 сентябри соли 2024 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва қабул гардид. Ин ташаббус бори нахуст дар таърихи СММ аз ҷониби як кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ садо дода, мояи ифтихори миллӣ ва нишондиҳандаи мавқеи Тоҷикистон дар амалиётҳои сулҳофаринӣ гардид.
Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули консепсияи сулҳ ва фарҳанги ҳамзистӣ на танҳо хоси заминаи сиёсати миллӣ, балки дорои аҳаммияти умумибашарӣ мебошад. Арзишҳое, ки Пешвои миллат дар сиёсати худ тарғиб менамоянд-адолат, баробарӣ, таҳаммул, ҳамбастагӣ, илм, маърифат, оромӣ-бо арзишҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мувофиқ меоянд. Ба гуфтаи коршиносони ватанию хориҷӣ, фаъолияти Пешвои миллат дар пояи ин арзишҳои инсонгароёна бунёд ёфтааст ва хоси танҳо як миллат нест, балки ҷавобгӯи ниёзҳои умумии ҷомеаи башарӣ мебошад.
Мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон, ки дар заминаи таҷрибаи сулҳи дохилӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва фалсафаи шарқӣ ташаккул ёфтааст, метавонад ҳамчун модели амалӣ барои кишварҳои даргир, минтақаҳои буҳронӣ ва муҳитҳои қавмии муноқишаомез хизмат кунад. Дар шароити муосир, ки ҷаҳон ба рӯйдодҳои фишоровар ва афзоиши ихтилофҳо рӯ ба рӯст, консепсияи сулҳи Пешвои миллат ҳамчун як пешниҳоди назариявӣ ва амалии ҳалкунанда арзиши бузург дорад.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри XXI, бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, худро ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва дорои консепсияи хоси сиёсати хориҷӣ муаррифӣ намуд. Таҷрибаи сиёсати сулҳ, консепсияи инсонгароёнаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи сулҳу амният имрӯз мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Ин муваффақият на танҳо натиҷаи талошҳои сиёсати давлатӣ, балки самари ҷаҳонбинӣ, фарҳанг ва фалсафаи сулҳе мебошад, ки дар шахсияти Пешвои миллат таҷассум ёфтааст.
Восифҷонзода Рухшона Восифҷон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, директори муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К.Д.Ушинский»

Related Articles

Leave a Comment