Санаи 9 июни соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии васеи роҳбарияти донишгоҳ бо докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) бо ҳадафи таҳкими заминаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳавасмандсозии муҳаққиқони ҷавон ва муайянсозии вазъи иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли таҳсили 2024–2025 баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, дотсент Қурбонова Умеда, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ Назаров Бахтиёр, муовинони декан оид ба илм ва инноватсия ва докторантони PhD-и курсҳои якум, дуюм ва сеюм ширкат варзиданд.
Нахуст ректори донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо мақсади баргузории чунин ҳамоиш ва аҳамияти он дар равандҳои таълиму таҳқиқ ошно кард. Иброз намуд, ки вохӯриҳои мустақими роҳбарият бо муҳаққиқон на танҳо шароит барои табодули афкору таҷриба фароҳам меоранд, балки заминаи устувор барои ҳавасмандсозии докторантон дар роҳи таҳияи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ ба ҳисоб мераванд.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан таъкид намуд, ки тибқи ҳидояту супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси дорои унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Зеро маҳз мутахассисони дорои малакаҳои баланди илмӣ метавонанд дар рушди илму маориф, таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа ва амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми назаррас гузоранд.
Таъкид гардид, ки дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии рисолаҳои илмӣ ҳануз камбудиву монеаҳо ҷой доранд, ки бояд бо кӯшиши муштарак ва барномаи равшан бартараф гарданд. Дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти донишгоҳ аз ташаббусҳои илмии муҳаққиқон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ аст ва ҳар як докторант бояд аз ин имкониятҳои фароҳамгардида истифодаи самаранок намояд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ ректори Донишгоҳ бо ҳар як муҳаққиқ суҳбати инфиродӣ анҷом дода, аз ҷараёни корҳои илмии онҳо, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда огоҳӣ пайдо намуд. Бо такя ба таҳлил ва таҷрибаи солҳои гузашта, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта, ба мисли мушкили дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ, роҳнамоии методологӣ ва роҳандозии семинарҳои илмӣ пешниҳод гардид.
Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оид ба талаботи нави низомномаи Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) ва зарурати мутобиқ кардани корҳои илмии докторантон ба ин меъёрҳо баромад кард. Таъкид намуд, ки бо назардошти тағйирот ва навгониҳои воридгардида ба низомномаи КОА, ҳар як муҳаққиқ бояд тарзи омодасозии рисола, мақолаҳои илмӣ ва дигар фаъолиятҳои илмиро бо риояи талаботи низомномаи нав анҷом диҳад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар соли таҳсили 2024–2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 80 нафар докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Вохӯрӣ барои бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта, таҳкими равобити роҳбарият бо муҳаққиқон ва мусоидат ба вусъати корҳои илмӣ-тоҳқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам овард.