Дар ҷаҳони имрӯза, ки таҳдидҳои иқлимӣ шиддат гирифта, хатари обшавии пиряхҳо ва нестшудани онҳо ба миён омадааст, иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи олӣ, ки дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнусҳо, дар шаҳри Нитсаии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, маънии баланди инсонӣ дорад.
Сафари сатҳи олии Пешвои маҳбуби миллат ба Ҷумҳурии Фаронса ва суханронии таърихии ин абармарди бузурги дунёи сиёсат дар оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, натанҳо идомаи мантиқии ташаббусҳои таърихӣ ва бемисли ҷониби Тоҷикистон бо сарварии Роҳбари муаззамии миллат дар масири ҳифзи муҳити зист аст, балки посухи воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи ҳаёти инсон дар рӯи замин аст.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта¬рам Эмомалӣ Раҳмон, ки тӯли беш аз ду даҳсолаи ахир ташаббусҳои бемисли глобалиро дар масъалаҳои обу иқлим ва муҳити зист ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, онҳоро устуворона пеш мебарад, ин навбат низ бо пешниҳоди хирадмандона ва саривақтӣ доир ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар водор намуд, ки бо криосфера ҳамчун манбаи ҳаёт ва ҳифзи ҳаёти инсонӣ таваҷҷуҳи ҷиддитар зоҳир намоянд.
Пешвои маҳбуби миллат зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш як зумра паёмадҳои обшавии босуръати пиряхҳоро ба миён гузошта, доир ба норасоии оби тоза, коҳиши истеҳсоли неруи барқ, хавфи амнияти озуқаворӣ ва тағйири экосистемаҳои кишварҳо изҳори нигаронӣ намуданд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки: “обшавии пиряхҳо танҳо масъалаи як минтақа нест, балки мушкилоти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба ҳифзи ҳаёти инсонӣ мебошад”. Суханрониҳои пурҳикмати Пешвои миллат натанҳо бозгӯи дарду мушкилоти иқлимист, балки ҳамчун як ҳушдори умумибашарӣ доир ба ҳалли мушкил ва роҳнамоӣ ба сӯи наҷоти криосфера арзёбӣ мешавад.
Ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки қариб 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсорҳои Тоҷикистон ҷойгиранд ва маҳз аз ҳамин дидгоҳ ҷониби Тоҷикистон бо сарварии Роҳбари хирадманду дурандеши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро масъули пешбурди ин ташаббуси инсондӯстона медонад.
Пешниҳоди таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба илмҳои яхшиносӣ дар шаҳри Душанбе, як иқдоми шоистаи таҳсин ва дурбинонаест, ки ба омӯзиш ва пажуҳиши илмӣ яхшиносӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо барои кишвар, балки барои тамоми минтақа ва берун аз он як сарчашмаи муҳимми оби тоза мебошанд. Аммо бар асари гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим ин сарчашмаҳои ҳаётбахш рӯ ба нестӣ доранд.
Бо пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса ва бо тасмими Созмони Милали Муттаҳид, солҳои 2025–2034 “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” эълон гардид. Ин иқдом бори дигар нуфуз ва нақши пешоҳангии Тоҷикистонро дар масъалаҳои глобалии обу иқлим баланд бардошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор ёдовар шуданд, ки 14 қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар масъалаи об ва иқлим дар сатҳи СММ қабул ва амалӣ гардидаанд, ки ин нишондиҳандаи эътимод ва эътирофи байналмилалӣ аст.
Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳон даъват намуданд, ки ҳамкорӣ баҳри ҳифзи криосфера ва тақвияти илмҳои криосферӣ дар ҳама сатҳҳо густариш дода шавад.
Ин даъват дар шароити кунунии буҳрони иқлимӣ, ки ба гуфтаи коршиносон метавонад то соли 2050 ба ҳаёти беш аз як миллиард аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷазиракишварҳо таъсир расонад, ҳамчун як фарёди хомӯш, вале таъсирбахш аз дили кӯҳҳои пиряхдор ба гӯшҳои ҷаҳониён мерасад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои охир нишон додаанд, ки Тоҷикистон метавонад дар сиёсати байналмилалӣ дар бахши иқлим нақши калидӣ бозад.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари ташаббускор ва пайгири иқдомҳои созанда, бахусус дар масоили марбут ба иқлим ва об шинохта шудааст.
Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса ва дастгирии васеи ҷомеаи байналмилалӣ аз Даҳсолаи илмҳои яхшиносӣ гувоҳи равшани он аст, ки ҷаҳон садои Тоҷикистонро мешунавад ва онро ҳамчун як садои масъулият, адолат ва умед қабул мекунад.
Алишери Абдулмаҷид-дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ