Имрӯз (08.06.2025) корҳои ҷамъоварии ҳосили мева дар Қитъаи таълимӣ-таҷрибавии назди факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, идома ёфт.
Устодону донишҷӯён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар ҷамъоварии ҳосил фаъолона ширкат варзида, корҳо дар фазои созанда идома доранд.
Тавре иттилоъ дода будем, қисме аз меваҳои ҷамъоваришуда дар заминаи Парки технологии донишгоҳ коркард шуда, барои таъмини кӯдакистони “Ситора”-и назди донишгоҳ дар фасли зимистон, ба шакли мураббо ва нӯшоба захира мегарданд. Қисми дигари ҳосил ба таври ройгон ба устодону кормандони донишгоҳ дода мешавад.