Home ХАБАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
126 views
Имрӯз дар факултаи омӯзгори ва фарҳангӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфернсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайомадҳои он” баргузор гардид.
Дар ин конфронс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илми педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, доктори илми педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат, декани факулта Давлатов Миралӣ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро дотсент Рафиев Сафархон ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Шарипов Бахтовар дар мавзӯи “Нақши муассисаҳои томактабӣ дар тарбияии хештаншиносии кӯдакон” ва саромӯзгори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ дар мавзӯи “Рушди таҳсилоти фарогир” суханронӣ намуданд. Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment