Иқдоми хайрхоҳонаи Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон
Санаи 31 майи соли 2025 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо роҳнамоии арзишҳои инсонгароёна ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми хайриявиро ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон дар шуъбаи бачагонаи табобатӣ-профилактикӣ ба номи Аҳмадҷон Муминови Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили №2-и шаҳри Кӯлоб анҷом дод.
Ташаббус бо роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки муовинон, омӯзгорон ва кормандони муассиса баргузор гардида, дар он кумакҳои моддӣ, аз ҷумла маводи хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка, пиёз ва шириниҳо ба беморхона расонида шуд.
Ин иқдом бо ҳадафи дастгирии кӯдакони таҳти табобат ва фароҳам овардани фазои гарму муҳаббат барои онҳо роҳандозӣ шуда, ифодаи масъулияти иҷтимоии донишгоҳ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстона мебошад.
Дар ҷараёни боздид, ректори донишгоҳ ва ҳайати ҳамроҳон бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо шириниҳо тақдим ва бо таманниёти нек Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдаконро табрик гуфтанд.
Тибқи маълумоти масъулини муассиса, айни замон дар шуъбаи мазкур 10 нафар кӯдак ба табобату чорабиниҳои профилактикӣ фаро гирифта шудаанд ва он қобилияти қабули то 30 нафарро дар як вақт доро мебошад.
Мудирияти бемористон, кормандон ва кӯдакон аз ин иқдоми хайрхоҳона истиқболи самимӣ намуда, ба роҳбарияти олии кишвар ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои дастгирии пайваста ва ғамхории башардӯстона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ташкили чунин амалҳои хайриявӣ дар рӯзҳои муҳими тақвимӣ — ҷашнҳои миллӣ ва байналмилалӣ — аллакай ба анъанаи нек дар фаъолияти донишгоҳ табдил ёфтааст. Бо дарназардошти аҳамияти баланди иҷтимоии ин иқдомҳо, Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ чунин тадбирҳоро дар марҳилаҳои минбаъда ва дар дигар муассисаҳои ниёзманд амалӣ намояд.