Санаи 16 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2025”, ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон, тақсимоти хатмкунандагони ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ барои соли таҳсили 2024-2025 баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулозода Шамсуддин, сармутахассиси ҳамин раёсат Сафарзода Садафмоҳ, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Бобоев Бахтовар, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, инчунин хатмкунандагон-мутахассисони ҷавон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҷаласаи тақсимот масъулин оид ба муҳимияти иҷрои вазифаҳои касбӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, ба хатмкунандагон шарҳу тавзеҳ дода шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ, вазифаи ҳар як мутахассиси ҷавон аст, ки роҳхатҳои додашударо сари вақт амалӣ намуда, ба муассисаҳои таълимие, ки ба онҳо тақсим шудаанд, ҳозир шаванд.
Дар анҷом, барои рушан намудани баъзе масъалаҳои марбут ба раванди тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон, миёни мутахассисони ҷавон ва намояндагони Вазорати маорифу илм саволу ҷавоб сурат гирифт.
Чунин ҳамоишҳо ба таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо ниҳодҳои марбута ва таъмини кадрҳои баландихтисос мусоидат намуда, ҷиҳати рушди соҳа заминаи устувор фароҳам месозад.